Оқибат ва хавфҳои «криптоасъор»

№61 (3698) 01.06.2017

1Назаре ба он рӯи сикка

Чанде пеш дар маҷаллаи «Бонкдорӣ, тараққиёт ва ҷаҳонишавӣ»-и Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи «Биткоин» ва ё асъори электронӣ (криптоасъор) матлабе нашр гардид, ки аз бартарияту муваффақиятҳои ин инноватсияи муносибатҳои пулии муосири ҷаҳонӣ маълумот медод. Ҳамчунин, дар саҳафоти дигар воситаҳои ахбори дохилӣ ва хориҷӣ низ доир ба ин падидаи нави иқтисодӣ нигоштаҳо рӯз то рӯз зиёд мешаванд. Аз ин хотир, замоне фаро расидааст, ки «аз он рӯи сикка» бобати хавф оқибатҳои он андеша ронем. Ҳамчунин, тавсеаи чораандешиҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо оқибатҳои зиёновари он ҳам ба манфиати кор аст.

Дар оғоз мехостам хусусиятҳои асосии криптоасъорро номбар намоям: беимзо ва ё номаълумияти транзаксияҳо, назоратнашаванда аз ҷониби дилхоҳ танзимкунанда (бонки миллӣ ва ё бонкҳои марказӣ), мавҷуд набудани таъминоти асъор, маҳдудияти алгоритмии эмиссия, мавҷуд набудани механизми бознигаҳдорӣ ва муҳосираи транзаксияҳо. Дар заминаи хусусиятҳои номбаршуда як қатор хавфу оқибатҳое пеш меоянд, ки поёнтар дар бораи онҳо андешаронӣ менамоем.

Амалиёти ғайриқонунӣ ва пулшӯӣ

Дар мадди аввал масъалаи гузаронидани амалиётҳои молиявии ниҳонӣ ва ё ғайриқонунӣ, напардохтани андоз, ҳолатҳои пулшӯии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда меистанд. Ҳангоми истифодаи воситаи пардохтие, ки дар онҳо фардикунонии иштирокдорони амалиётҳо ҳатмӣ нест, ба амал овардани амалиётҳои номбаршуда хеле осону қулай мебошад. Ҳамчунин, истифодабарандагони ҷиноятпеша аз ногузирии бознигаҳдорӣ ва муҳосира (блокировка)-и транзаксияҳо низ бархӯрдоранд.

Аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки месазад ба онҳо диққати ҷиддӣ дод. Биткоин ва ё криптоасъор на беимзо (аноним), балки мустаор (псевдоним) мебошад. Феълан, пайвастагӣ ва ё муайянкунандае оид ба шахсияти конкретӣ вуҷуд надорад, аммо ба ҷои маълумот оид ба шахсият суроғаи ҳамёни электронӣ истифода мешавад. Дар баробари ин, амалиёт дар блокчейни дастраси умум сабт шуда, транзаксияҳо бо таърихашон барои дигар суроғаҳо аён мебошанд. Агар шахсияти пинҳонкор боре ҳам бо суроғаи муайян робита намояд, дар ин ҳол ин суроға додугирифт ва муомилаҳои онро сабт менамояд. Гузашта аз ин, агар мабодо шахсияте дар занҷираи транзаксияҳо муайян шавад, он гоҳ дар оффлайн метавон, ки алоқаро бо дигар шахс ошкор намуд. Ҳарчанд шахсиятҳо зиёдтар ошкор шаванд, фардикунонии боқимондаҳо осонтар мешавад.

Маърифати техникӣ ва малакаю таҷрибаи фаҳмиши фаъолияти криптоасъор имрӯз дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар он сатҳе қарор надорад, ки самаранок бар зидди он мубориза бурда шавад. Ба замми дониш ва малака, ҳамчунин воситаҳои техникӣ, барномаҳои махсус ва заминаҳои ҳуқуқӣ дар мисоли қонунҳои танзимкунанда то ҳол дар ҷумҳурӣ мавҷуд нест. Аммо хавф рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Мутаассифона, аз тариқи қонунгузорӣ мамнӯъ намудани амалиёт бо криптоасъор натиҷаи самаранок намедиҳад. Зеро шаҳрвандони қонунмеҳвар дар ҳама ҳолат аз чорчӯбаи қонун берун намебароянд. Ин ҷо андеша бобати шахсиятҳое меравад, ки ҷиноятпеша мебошанд.

 Ҳаннотӣ, пирамида ва хайпҳо

Ҳарчанд криптоасъор пирамида ба ҳисоб наравад ҳам, имрӯзҳо таблиғотчиён онро ҳамчун воситаи даромади осон бо нишондиҳандаи фавқулода пешниҳод менамоянд. Аксаран ин пешниҳодҳо дар ҳақиқат пирамида ва ё хайп мебошанд, ки ташкилкунандагон ба ҷойи пулҳои анъанавӣ криптоасъорро истифода менамоянд.

Насли калонсоли аз ҳаннотии «Муҳрабизнес»-и тоҷикию «МММ» -у «Властелин» -и русӣ ва Madoff Investment Securities, Stanford International Bank, L&G-и байналмилалӣ огаҳӣ дошта, шояд ба тарғиби онҳо дода нашаванд. Аммо насли ҷавони ҳанӯз бехабар аз ин ҳаннотиҳо, бо рӯъёҳои «зиндагии шоҳона» метавонанд луқмаи ин «лошахӯрон»-и молиявӣ гарданд.

Масъалаи доғ он аст, ки мардуми ба «бало» гирифторшуда, ҳарчанд ихтиёран худро ба ин «гирдоб» партофта бошанд ҳам, дар охир боз аз гиребони давлат ва мақомот мегиранд. Онҳо бефаросатию ҳарисӣ ва камсаводии худро сарфи назар карда, даъво пеш меоранд, ки «…чаро давлат пеши роҳи ин ҳаннотонро нагирифт?». Гузашта аз ин, бештари онҳо бе хонаву дар, зери бори қарзҳои гарон мемонанд, ки инро мо дар мисоли «Муҳрабизнес»-у дигар пирамидаҳо нағз дар хотир дорем.

Масъалаи дигар аз тариқи қонунгузорӣ мамнӯъ намудани фаъолияти криптоасъор дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳукумат метавонад аз ин усул истифода намояд, аммо то чӣ андоза ҳадафрас будани он муъҷиби баҳс боқӣ хоҳад монд. Зеро мамнӯъ намудан, тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, аксаран боиси рушди пинҳонӣ ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардидан ба онҳо мешавад. Баъдан, низоми фаъолияти криптоасъорро бо қонун танҳо дар дохили ҷумҳурӣ метавон мамнӯъ намуд, дар ҳоле ки истифодабарандагон метавонанд бо васоити мавҷудаи берунаи он бемамоният амалиёт гузаронанд.

Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Тибқи омори Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир (ФСКН)-и Россия, дар ду соли охир теъдоди истифодабарандагони ­криптоасъор (хусусан Биткоин) аз ҳисоби ҷинояткороне, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд, 20 баробар афзоиш ёфтааст. Ба таъкиди сардори Раёсати мубориза бо гардиши маводи мухаддир Дмитрий Буянов, «…бояд бо он ҷиддӣ муносибат намуд, зеро чанд сол баъд мубориза ва пешгирии он ғайриимкон мешавад».

Барои паҳнкунандагони маводи мухаддир ба он хотир криптоасъор қулайтарин воситаи пардохт мебошад, ки ин «асъор» хусусиятҳои зайлро доро мебошад: Аввал ин ки истифодабарандагони криптоасъор фардикунонӣ (иденфикатсия) карда намешавад. Дуюм, ҳамёнҳои электрониро ба ҳеҷ ваҷҳ бастану назорат кардан имкон надорад. Транзаксияҳо озод ва бе ширкати ташкилотҳои молиявию қарзӣ сурат мегиранд. Комиссия ва ё музди хизматрасонӣ барои амалиёт дар баробари нархномаҳои бонкӣ, арзиши ночиз ва ҳатто ба сифр баробар доранд. Ахиран, дар ҳолати хариду фурӯши фосилавӣ ва пардохти маблағ ба фурӯшанда, алоқаи харидор бо фурӯшанда ба вуҷуд намеояд. Ҳатто мешавад, ки харидор умуман аз кӣ будани фурӯшанда огаҳ набуда, муомилот анҷом ёбад.

Ба ин монанд дар замони худ нашъафурӯшон аз хизматрасониҳои почта, нақлиёт, алоқаи мобилӣ, низомҳои пардохти электронӣ ва дигар дастовардҳои навини технологӣ истифода менамуданд.

 Маблағгузории терроризм

Садақаталабӣ, ки яке аз роҳҳои маблағгузории терроризм дар ҷаҳони имрӯз шуморида мешавад, бо ба роҳ мондани он тавассути криптоасъор хеле қулай ва самаранок мегардад. Ба садақахоҳ кофист, ки танҳо суроғаи ҳамёни электронии дар шабакаи интернет кушодаашро ошкор карда, маблағро тариқи фосилавӣ аз дилхоҳ шахс ва гӯшаҳои дунё дастрас намояд. Ҳангоми баргузорӣ, анҷом ва ҳатто бойгонӣ шудани ин амалиёт ба ҳеҷ ваҷҳ ошкор кардани садақадеҳ ва садақахоҳ имкон надорад. Зеро шахс метавонад дар як кишвар қарор дошта, ҳамёни электрониро дар кишвари дигар кушояд, ҳамзамон маблағи дар ҳамёнбударо дар кишвари сеюм ва ё чаҳорум бемамоният истифода намояд.

Дар назарсанҷиҳои ФАТФ (Financial Action Task Force on Money Laundering -FATF) — Ташкилоти байнидавлатии мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм, криптоасъор дар рейтинги хавфҳои маблағгузории терроризм дар раддаи охир қарор гирифтааст. Тибқи гузоришҳои ин ташкилот, методҳои анъанавии маблағгузорӣ яке аз воситаҳои асосии дастрасии ташкилотҳои террористӣ ба воситаҳои молиявӣ мебошанд.

Ин хулосаро роҳбари Агентии мубориза бо пулшӯии ИМА, Ҷениффер Шаски Калвери низ тарафдорӣ карда, дар мусоҳибае чунин ибрози назар менамояд: «Ба мо маълумотҳое расиданд, ки ДИИШ аз биткоин истифода менамояд. Аммо ман андеша дорам назорати бонкҳои анъанавӣ ҷиддитар ба роҳ монда шавад. Бамаврид аст, ки назорати транзаксияҳоро тавсеа бахшем. Фикр намекунам, ки криптоасъор ин қадар хатари ҷиддӣ эҷод намояд…».

Ин нуқтаи назарро дигар мутахассисон ва коршиносони ғарбӣ низ тақвият медиҳанд. Таҳлилгарон ва коршиносони дигар кишварҳо, бахусус Россия ин амалкарди мақомот ва ­институтҳои молиявии ғарбу амрикоиро як навъ дастгирии терроризми байналмилалӣ арзёбӣ менамоянд.

 Хатар ба мавқеи арзи миллӣ

Георгий Смирнов, роҳбари Раёсати назоратию ташкилии Кумитаи тафтишотии ФР дар ин хусус чунин назар дорад: «Афзоиши ҳаҷми пул аз ҳисоби асъори виртуалӣ, ба ҳолати пешгӯйинашавандаи бозори пул боис шуда, он ба паҳншавӣ ва таваҷҷуҳи зиёд пайдо кардани криптоасъор мусоидат менамояд».

Гуфтан бамаврид аст, ки имрӯз аксари пулҳои ҷаҳонӣ ҳам ба мисли криптоасъор бо дороӣ таъмин намебошанд. Аз ҷумла, доллари ИМА, еврою фунтстерлинги аврупоӣ, юани чинӣ ва ё рубли русӣ аслан бо ягон намуди дороӣ таъмин нестанд. Андешаҳо доир ба тилло ва ё дигар дороиҳои дараҷаи баланд таъмин будани онҳо афсонае беш нест. Барои тақвияти ин андеша метавонед бо хусусиятҳои асъори фидутсиарӣ (fiduciary money) шинос шавед.

Иддае аз иқтисодчиён муътақиданд, ки капитализатсияи умумии криптоасъор дар ҷаҳон 6,5 млрд. доллари ИМА буда, имкони эҷоди зиён ва ё хисороти ҷиддиро надорад. Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар кураи замин 1826 миллиардер зиндагӣ менамоянд, ки сарвати аксари онҳо аз капитализатсияи умумии криптоасъор зиёдтар аст. Илова бар ин, зумрае аз иқтисодчиён бар он ақидаанд, ки мавҷудияти асъори алтернативӣ рақобати солим ва шароити мусоиди бозориро ба вуҷуд оварда, давлатҳоро водор ба он мекунад, ки пули устувору ҷавобгӯ ба талаботи аҳолиро роҳандозӣ намоянд.

Хулоса

- Яке аз бахшҳои осебпазири иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити имрӯз сектори муносибатҳои пулию молӣ мебошад. Мушоҳида ва таҳлилҳои солҳои охир собит менамоянд, ки ­заифиҳои зерин метавонанд боиси ба иқтисодиёт ворид шудани криптоасъор ва эҷоди хатарҳои зерин гардад:

- Ҳаҷми аз ҳад зиёди пули нақди дар муомилот­буда ва гардиши бесобиқаи он берун аз суратҳисобҳои бонкӣ. Тибқи оморҳои чанд соли пеш, ин нишондиҳанда баробар ба 66,9%-и ҳаҷми умумии пули нақдӣ ба муомилот баровардаи Бонки миллии Тоҷикистон буд;

- Мавҷуд набудани механизми қонунии воридот ва содироти асъори нақди хориҷӣ ва ба таври қочоқ содирот шудани асъори нақд дар ҳаҷми бузург аз кишвар. Ин ҷо мехостем шарҳ диҳем, ки аксари соҳибкорони аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар кишварҳо ба ҷумҳурӣ молу коло воридкунанда, аксар маврид ба таври нақдӣ (бо асъор) молу ашё харидорӣ карда, маблағҳои нақдиро на бо воситаи бонкҳо, балки ба таври қочоқ аз ҷумҳурӣ берун мекунанд;

- Талаботи зиёд ва имконияти маҳдуди таъмини аҳолӣ бо асъори нақди хориҷӣ;

- Ноустуворӣ ва девалватсияи арзи миллӣ. Манзури мо аз 50 фоиз зиёд будани ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ бо асъори хориҷӣ дар сандуқи амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ аст;

- Мавҷудияти интиқоли сармоя ва воситаҳои пулӣ ба минтақаҳои офшор ба хотири камтар пардохт намудани андоз;

- Дар чанд соли ахир ба дараҷаи хатарзо паст рафтани сатҳи эътимоднокии ташкилотҳои қарзӣ, хусусан бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ.

Оқибатҳои манфӣ ба устувории иқтисодиёт дар ҳоли ҳозир чандон равшан ба назар намерасад, аммо аз хусусият ва шакли истифодаи он хулоса кардан кофист, ки пешгирӣ ва мубориза бо он зарур ва ногузир аст. Ҷамъоварии омори зарурӣ, таҳлили таҷрибаҳои мавҷуда, танзими амалиёт, ҷорӣ кардани инноватсияҳои молиявии назоратшаванда ва иттилоотонии секторҳои гуногуни иқтисодиёт вазифаҳоеанд, ки ҳар чӣ тезтар бояд амалӣ шаванд.

 Одинашо Муродов,

сардори шуъбаи таҳлил ва баҳогузории

Ширкати аудитории «BMG Audit»