Тавре иттилоъ дода будем, ёздаҳуми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи бориши зиёд сатҳи оби сойу дарёҳо дар шаҳру минтақаи Кӯлоб баланд гардида, хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои автомобилгард, зеристгоҳу трансформатор, хатҳои интиқоли неруи барқ ва иншооти обу корезӣ зарар диданд.
Ҳамон рӯз бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ситод оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ташкил гардид, ки дар он ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода низ шомил гардиданд. Онҳо ба шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминобод сафар карда, мавзеъҳои офатзадаро аз назар гузарониданд.
Бино ба иттилои мудири бахши матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Дилором Файзова, офати табиӣ бештар ба сокинони маҳаллаҳои Хатти Роҳ, Нонвойи Поён, Корвонгузар, Ҷумъа Алӣ, Куҳнашаҳр, Бистсолагии Истиқлолият, қитъаҳои 3, 4, 5 ва кӯчаи Даминзода хисороти калон расонид. Инчунин, зиёда аз 50 метр роҳи байналмилалии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 — и шаҳр канда шуда, 4 пули мошингузар пурра валангор гардид. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки масъала зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дувоздаҳуми май дар қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Ситод оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ баргузор шуд. Дар он, аз ҷумла, зикр гардид, ки дар натиҷаи омадани сел дар шаҳри Кӯлоб 16 хонаи истиқоматии сокинон пурра валангор гардида, 293 манзили истиқоматӣ зарар дидааст.
Сарвазири мамлакат, ҳамчунин, гуфт, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корвони кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла 40 тонна орд, 40 тонна пиёз, 40 тонна картошка, 20 тонна равған, 1 тонна гӯшт, масолеҳи сохтмонӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор квадрат шифер, 200 куб тахта, 1 тонна мех, 20 тонна арматура, 100 тонна семент, 1200 дона кӯрпаву болишт ва дигар лавозимоту ҷиҳози рӯзгор ёрӣ расонида шуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки аз ҷониби сокинони шаҳру минтақаи Бохтар низ бо нишони ҳамдилӣ ба зарардидагони офати табиӣ маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, шакар, равған, маҳсулоти макаронӣ, картошка, пиёз, гӯшт фиристода шуд.
Сипас, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба масъулон ҷиҳати назорат ва одилона тақсим кардани кумакҳо дастуру супориш доданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
****
Бар асари боришоти шадид ва омадани сел 11 майи соли равон дар деҳоти «Машъал», «Ваҳдат» ва «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш 60 манзили истиқоматии сокинон пурра вайрон гашта, зиёда аз 90 манзил осеб дид. Ҳамчунин, беш аз 2000 гектар майдони зироати кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои аҳолӣ пурра зери лой монда, ҳафт пули мошингузар нобуд ва се пули дигар корношоям шуданд.
Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи боришот талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Фавтида сокини 80-солаи деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» Улмомо Усупова мебошад. Инчунин, дар пайи офати табиӣ 35 сар чорвои сокинон талаф ёфтааст.
Ҳамон рӯз дар ҷойи ҳодиса ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, сокинон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Зарардидагон бо хаймаи муваққатӣ таъмин гардида, шароити зарурӣ барои зист, аз ҷумла хатти барқ ва оби нӯшокӣ муҳайё карда шуд. Табибон низ дар хизмати аҳолии зарардида қарор доранд.
13 май раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ телефонӣ ҳисобот дод.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷиҳати муайян кардани хисороти расида ба хоҷагии халқи ноҳия ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ сафарбар гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намуданд, ки ба мардуми зарардида ёрии саривақтӣ расонида, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти харобгардидаро ба зудӣ барқарор намоянд.
Ҳамчунин, 13 май дар маҳали аз сел зарардидаи ноҳия таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи ситоди бартарафсозии оқибати офати табиӣ барпо гардид.
Комиссияи махсуси ҳукуматӣ ҳаҷми зарари аз офати табиӣ бавуҷудомадаро муайян мекунад.
****
Ба сокинони зарардидаи деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар натиҷаи фурӯравии замин, 8 майи соли равон манзилҳои зисти онҳо пурра хароб гардид, 0,10-гектарӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, аллакай бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ оғоз ёфт. Ҳамчунин, заминҳои кишоварзӣ низ ҷудо гардида, барои кишти маҳсулот ба онҳо ёрӣ расонида мешавад.
12 майи соли равон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳои масолеҳи сохтмонӣ ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ расида, ба оилаҳои зарардида дастрас шуд.
Бино ба иттилои намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Шамсов, масолеҳи сохтмонии дастрасгардида аз 300 тонна семент, 60 тонна арматура, 300 куб тахта ва 3 ҳазор дона шифер иборат мебошад.
Муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдухолиқ Мӯсоев зимни суҳбат иброз намуд, ки барои дастгирии оилаҳои зарардида чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Онҳо бо маҳсулоти доруворию ғизоӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин, аз ҷониби ташкилотҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва соҳибкорон ба зарардидагон кумакҳо дастрас шуда истодаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»