Ноҳияи Файзобод саросар кӯҳсор аст. Деҳа ва минтақаҳои аҳолинишин дар назди доманакӯҳҳо ҷойгир мебошанд. Сурхдара аз ҷумлаи деҳаҳоест, ки оби дара аз наздаш ҷорӣ мешавад ва рӯзҳои боронӣ барои мардум хатар эҷод мекунад. То соли 1957 об ва сели дара аз шафати деҳаи Файзобод ҷорӣ шуда, ба хонаю ҳавлиҳо даромада, ба мардум зарар мерасонд.
Соли 1957 маҷрои обу сели дараро дигар карданд. Он айём булдозер ва дигар техникаҳои заминкан ангуштшумор буданд. Бо ҳамин сабаб заминро тарконда, обро аз шафати деҳа равон намуданд. Баъдтар Идораи оби ноҳия соҳили тарафи деҳаҳои Файзободу Боғи мириро бо сепояҳои пурсанг ва симтӯрҳо маҳкам ва бо ин роҳ бехатарии деҳаҳои номбурдаро аз сел то солҳои 80-уми асри гузашта таъмин кард. Чанд муддат мардум аз хатари сел эмин монд.
Як шаби баҳори соли 1989 борон ва жолаи сахт борид. Дар натиҷа, сел кӯпруки навро вайрон кард ва ба тарафи деҳаи Боғи мирӣ равон шуд. 30 қуттии занбӯри асалро сел бурд.
Ҳукумати вақти ноҳия 4 булдозери пурқувват оварда, ду тарафи соҳилро бо регу санги худи дара, аз болои деҳаи Сурхдара то кӯпруки Ғори хокистар, баланд бардошта, бехатарии деҳаҳоро таъмин намуд.
Аз он вақт то ба имрӯз зиёда аз 20 сол гузашт. Дар ин муддат сел сангу реги бисёрро оварда, дараро пур кардааст. 5-6 соли охир сел деҳаҳои Боғи мирӣ ва аҳолии наздики деҳаи Сурхдараро таҳдид намуда истодааст. Роҳе, ки мардуми деҳаҳои Қанғел, Кенҷаобод, Чуқурак ва Сайдони аз он мегузаранд, дар вақти омадани сел ба санглох табдил меёбад. Баъзан заминҳои корам аз истифода мемонанд.
Хатари сели дараи Сурхдара роҳбарони деҳоти ба номи Дӯстмуроди Алӣ ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзободро бе ташвиш намегузорад. Ҳар сол тирамоҳ булдозер оварда, соҳилҳоро бо регу санг мустаҳкам мекунанд, вале баъди як ё ду маротиба омадани сел он ҳама шуста мешавад. Поёни дара бошад, аз регу шағал пур шудааст.
Бояд таъкид кард, ки барои бехатар гардондан аз кӯпруки Ғори хокистар то болои деҳаи Сурхдара ду тарафи дараро бо сангу шағали худаш баланд бардоштан лозим аст. Тӯли он 1,3 км мебошад. Ин корро бо пули ҷамъовардаи аҳолӣ анҷом додан ғайриимкон аст.
Ҳоло ки фасли баҳор аст, мардуми деҳаҳои Сурхдара, Файзобод ва Боғи мирӣ дар ташвиш афтодаанд. Агар барои бехатар гардонидани сели ин дара чора андешида нашавад, оқибаташ фоҷиаовар хоҳад буд.
Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки барои бехатар гардонидани сели дараи Сурхдара ба мо ёрӣ расонанд.
Абдураҳим Каримов,
сокини деҳаи Сурхдараи ноҳияи Файзобод, нафақахӯр