ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР СУҒД

№ 01.04.2024

1112Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар вилояти Суғд ба кишти пунбадона оғоз бахшида шуд.

27-уми март донаҳои аввалини умедро ба замин дар ноҳияи Зафаробод раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва пирони кори ноҳия дар​ хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим» пошиданд.

Майдони кишти зироати пахта дар ин хоҷагӣ 5 гектарро ташкил медиҳад.

Деҳқонони таҷрибадору пухтакори ноҳия низ дар ҳамин рӯз ба кишти пахта оғоз карданд. Масоҳати умумии кишти ин зироат дар ноҳия 6 ҳазору 500 гектарро ташкид медиҳад.

Бино ба гуфти муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудов, майдони умумии кишти пунбадона дар вилояти Суғд 59 ҳазору 633 гектарро ташкил хоҳад дод.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум».