Дар кони мармари «Пойи Мазор»-и ноҳияи Ванҷ як ширкати хитойӣ ба кор оғоз кард. Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти «Рованд»- и ноҳия Рустам Ёдгоров ширкати хитойӣ аллакай се километр роҳи дар даврони шӯравӣ ба самти кон сохташуда, вале пурра харобгаштаро аз нав барқарор кард. Ҳамроҳи мутахассисони хитойӣ ҳамчунин 15 нафар сокинони маҳаллӣ кор мекунанд. Кони мармари «Пойи Мазор» калонтарин захираи мармар дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Кон ҳамчунин бо хусусияти фарқкунандаи мармараш диққати мутахассисонро ба худ ҷалб кардааст. Мармари ин ҷо нарму мулоим ва коркарди он осону истифодааш дар корҳои ороишӣ қулай мебошад. Кон ду намуди мармар — сафеди барфӣ ва ҷигарӣ дорад, ки талабот ба онҳо дар бозор хеле зиёд аст. Мутахассисони хитойӣ таҷҳизоти бурриши сангро бо худ оварда, намунаҳои тахтасанги мармарро омода карданд. Рӯзҳои наздик корҳои омӯзиши пурраи кон ва баҳисобгирии захираи он ба анҷом мерасад. Интизор меравад, ки аз баҳори соли оянда корҳои истихроҷи мармар дар кон авҷ мегирад. Масъулини ширкат ба мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар сурати муваффақ гаштан онҳо тасмим гирифтаанд, ки то 150 нафар сокинони маҳаллиро ба кор ҷалб кунанд. Ҳамчунин нақша доранд, ки роҳи ҳаштодкилометраи нақлиётиро аз маркази ноҳия то маҳалли Пойи Мазор давра ба давра мумфарш намоянд. Соли оянда бо авҷи корҳои истихроҷи мармар 20 километри ин роҳ мумфарш мегардад. Дар Бадахшон захираи калони мармар дар маҳалҳои Даштак ва Пойи Мазори ноҳияи Ванҷ, Лангари Ишкошим ва Бартанги ноҳияи Рӯшон кашф гардидааст. Коркарди мармар дар кони «Даштак» дар аввали солҳои 1970-ум шурӯъ гардида буд. Айни ҳол миқдори хеле ками он истихроҷ мегардад. Ҳамчунин дар ноҳияи Дарвоз усули нави коркарди санги мармар бо технологияи замонавӣ ба роҳ монда шуд, ки хишти нахустини корхонаи мазкур бо ширкати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Мутобиқи тадқиқоти мутахассисон дар ноҳия зиёда аз даҳ намуди санги мармар, аз ҷумла мармари ранга мавҷуд аст. «Пойи Мазор» сеюмин кони мармар аст, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз лиҳози сифат ва захира беназир арзёбӣ мешавад.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»