Бо мақсади ободонӣ ва сабзкорӣ дар шаҳри Хуҷанд, канори роҳи мошингарди маҳаллаи Тиллокон беш аз 300 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд. Дар шаҳри Гулистон низ ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар Ҷамъияти саҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом иштирок намуда, иқдоми эҳёи боғҳои куҳнаро ташаббуси нек арзёбӣ намуд. Тибқи иттилои масъулин, дар ин ҷамъият 6 гектар боғи куҳна барқарор гардида, ниҳолҳои зардолу, себ ва шафтолу шинонида мешаванд.
Соли равон тибқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 406 ҳазор бех ниҳол шинонида хоҳад шуд.
Мухтори Абдулло,
«Садои мардум»