Шаҳри Ваҳдат яке аз шаҳрҳои ободу зебо ва тараққикардаи Тоҷикистон мегардад. Инро айни замон баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Тайи солҳои охир дар ин ҷо корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо карда, бунёди корхонаҳои саноатӣ, иншооти маъмурӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва манзилҳои истиқоматӣ босуръат идома дорад.
- Асоси ин пешрафтҳо таваҷҷуҳ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Қобили зикр аст, ки таҳия ва қабули «Барномаи рушди шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016 — 2020» идомаи мантиқии ин раванд аст, — гуфт роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр Ислом Ниёзов ва илова кард:
- Ба барномаи мазкур 193 лоиҳа ворид шудааст, ки маблағи умумии онҳо як миллиарду 73 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 36 лоиҳа ба маблағи 734,4 млн. сомонӣ ба бахши иқтисод, 72 лоиҳа ба маблағи 159,7 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 67 лоиҳа ба маблағи 151,5 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, шаш лоиҳа ба маблағи 12,2 млн. сомонӣ ба бехатарии муҳити зист, панҷ лоиҳа ба маблағи 3,2 млн. сомонӣ ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва ҳафт лоиҳа ба маблағи 11,8 млн. сомонӣ ба таъминоти захиравӣ тааллуқ доранд.
Барномаи мазкур барои ноил шудан ба чор мақсади стратегӣ, аз он ҷумла муҳайё намудани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ замина мегузорад. Баробари амалӣ гаштани барномаи мазкур шароит муҳайё мегардад, ки ҷараёни татбиқи дигар барномаҳои соҳавӣ низ тавсеа ёбад.
Айни замон дар шаҳр аз ҷониби соҳибкорон сохтмони биноҳои истиқоматии 13 – ошёна дар кӯчаи Рӯдакӣ, 26 — ошёна дар маҳаллаи Роҳатӣ, як қатор биноҳои баландошёна дар маркази шаҳр, сохтмони чойхонаи миллӣ, корхонаҳои қаннодӣ, мебелбарорӣ, консервабарорӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ ва муассисаҳои таълимӣ босуръат идома доранд . Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохтмони варзишгоҳ бо 25 ҳазор ҷойи нишаст низ торафт авҷ мегирад. Соли 2015 дар иншооти мазкур зиёда аз 5 миллион сомонӣ сарф гардид ва имсол барои идомаи корҳои сохтмонӣ 12 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки бунёди аксари ин иншоот дар арафаи таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасанд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»