Дар вилояти Суғд боғи зардолу қариб 45 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Соли равон табиат боғдоронро низ имтиҳон кард. Офатҳои табиӣ — борону шамоли бошиддат ба ҳосил таъсири манфӣ расонд. Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят, дар шаҳри Исфара 4500 гектар боғоти себу нокро хунук зад.
Дар як қатор ноҳияҳои вилоят — Ашту Конибодом ва ба номи Б. Ғафуров ба ҷамъоварии зардолуҳои пешпазак шӯрӯъ карданд.
Тибқи иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев, ноҳия дорои беш аз 16 ҳазор гектар боғи зардолу буда, аз ин 8900 гектар дарахтони ҳосилдиҳанда аст.
Зардолузорро асосан навъҳои пешпазаки «арзанаки калон», «шалах» ва «рухи ҷонона», «мирсанҷарӣ», «исфарак» ва «бобоӣ», ки ҳосили фаровон доранд, ташкил медиҳад. Алҳол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ чидани зардолуи пешпазаки «шалах», «арзанаки калон» ва «рухи ҷонона» оғоз шуда, асосан ба Федератсияи Россия содирот мегардад.
Боғдорони ноҳияи Ашт имсол азм доранд истеҳсоли зардолуро ба 20 ҳазор тонна расонанд.
Оғози зардолучинӣ дар шимоли мамлакат