«Навеки вместе!» — шиори ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бахшидаи замони шӯравист, ки дар деҳоти «Қаҳрамон»-и ноҳияи Ашт ҳанӯз побарҷост.
Деҳоти мазкур бо шаҳри Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия Иброҳимҷон Воҳидов мегӯяд, ки ин шиор охири солҳои 80-уми қарни гузашта — замони сохтмони кӯпруки нави «Чилмаҳрам» байни ноҳияи Ашт ва шаҳри Бешариқи ҷумҳурии ҳамсоя насб шудааст. Мутаассифона, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сабабгори то ба имрӯз нотамом мондани сохтмони кӯпрук гардид.
Ходими давлатию ҷамъиятӣ Санавбар Нуруллоева, ки он солҳо раиси Комиҷроияи ноҳияи Ашт буд, хотираашро аз ҳамкории ду халқи ба ҳам бародару дӯст чунин ёдовар шуд:
- Ноҳияи мо аз қадим бо шаҳрҳои Бешариқу Қӯқанд равобити мустаҳкам дошт. Мардум дар ин шаҳрҳо харидуфурӯш мекарданд. Бо мақсади кӯтоҳ кардани масофа ва осон намудани рафтуомад бо ҷумҳурии ҳамсоя ва ҳам маркази маъмурии вилоят — Хуҷанд бо ризояти Вазорати роҳсозии ИҶШС (СССР) қарор шуд, ки аз болои дарёи Сир ба дарозии 200 метр кӯпрук бунёд карда шавад. Мутаассифона, бо сабабҳои ба ҳама маълум кори сохтмон қатъ гардид. Агар кӯпрук бунёд меёфт, масофаи байни ноҳияи Ашту Конибодом 110 км ихтисор мешуд. Имрӯз барои омадурафт ба ин ду ноҳия зарур аст, ки 170 км роҳро тай намоем.
Ҳадаф аз варақгардон намудани саҳифаҳои таърих ёдоварии дӯстиву бародарии ду халқи қадимаи Осиёи Марказист, ки солҳои охир то андозае халалдор гардид. Сабабгори иншои мақола ҳам рӯйдоду тағйироти дилхушкунанда дар муносибати ду кишвари бародар, хусусан баъди интихоботи президентӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.
Боиси хурсандӣ аст, ки дар муносибатҳои байни ду давлати ҳамсоя «яхҳо оҳиста- оҳиста об мешаванд». Зимнан, рафтуомади ҳамватанон ба ҷумҳурии ҳамсоя афзуда, механизми аз бунгоҳҳои сарҳадӣ гузаштан осон шуда истодааст.
Ҳамсояамон Ҷамилахолаи ӯзбек, ки соли 1970 аз ноҳияи Оҳангарони Ӯзбекистон ба Хуҷанд келин шуда омаданд, баъди баста шудани сарҳад аз мушкилоти рафтуомад ба зодгоҳаш душворӣ мекашид. Чанде пеш аз боздиди пайвандон бо табъи болида баргашта гуфт:
- Аз сарҳад ба осонӣ гузаштем. Чун пештара тафтиши сахт нашуд. Дар Оҳангарон низ аз беҳтаршавии муносибатҳои ду ҷумҳурӣ мардум шодиву хурсандӣ доранд.
Мардум боварӣ доранд, ки минбаъд дар муносибатҳои ҳар ду халқи ба ҳам бародар беҳбудиҳо хоҳад шуд. Вале афсӯс, ки солҳо бар асари баста будани сарҳад онҳо наметавонистанд дар тӯю сури хешону пайвандони якдигар ширкат намоянд ва бо бархе аз пайвандони наздик дидор ба қиёмат монд.
Замони шӯравӣ аксар оилаҳо аз ноҳияҳои Спитамену Деваштич ва Истаравшан барои аз худ кардани заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои Бекободу Бӯкаи ҷумҳурии ҳамсоя рафта, дар ҳамон ҷойҳо оиладор шуда, зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Лекин бо хешону пайвандон робитаро мустаҳкам нигоҳ медоштанд. Дар маросимҳои тӯю азо ҳатман иштирок мекарданд.
Аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд 8 ноҳияи он бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз аст ва беҳ шудани муносибатҳо, пеш аз ҳама, сокинони ин ноҳияро хушнуд гардондааст. Чанде пеш хатсайри ҳавоии «Тошканд — Душанбе» барқарор гардид ва нахустин парвоз анҷом дода шуд. Сохтмони кӯпруки бунёдаш нотамоми «Чилмаҳрам» низ дар ноҳияи Ашт умед аст, ки аз ҷониби сохтмончиёни ӯзбекистонӣ идома меёбад.
Таърих бори дигар исбот сохт, ки Худованд ҷавҳари ин ду халқи қадимаи Осиёи Марказиро якҷо сириштааст. Фарҳангу оин ва дини тоҷикону ӯзбекҳо аз сарчашмаи ягона шодоб мешавад. Ҳамзамон, ҳикмати мардумии «Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност» бори дигар исботи худро ёфт.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, узви Иттифоқи журналистони