Об ҳар чӣ бештар ниру кунад

№41 (4781) 03.04.2024

1Обхезӣ дар ҷануби Таиланд тақрибан ба 20 ҳазор нафар зарар расонид. Бар асари обхезии бузург дар Ҳиндустон 77 кас ҳалок ва беш аз 200 шахс бедарак шудаанд. Бар асари обхезию ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд. Беш аз 71 ҳазор нафар дар Шри-Ланка аз боронҳои шадид ва обхезӣ зарар дидаанд. Чунин хабарҳо мунтазам дар расонаҳои иттилоотӣ ба нашр мерасанд, ки ташвишовару ҳузнангез аст.

Обро ҳаёт мегӯянд, ки воқеан, дуруст аст. Инсон бе обу ҳаво зиста наметавонад, аммо баъзан оби дарёҳои бахурӯшомада ва борони пайдарпай боиси фалокату ҳаводиси нохуш мегардад.

«Якеро пурсиданд: «Дар мавҷудот аз чӣ азизтар нест»? Гуфт: «Аз об». Гуфт: «Аз чӣ ҳақиртар нест»? Гуфт: «Аз об». Яъне об, ки бисёр бувад, қимате надорад. Чун кам шуд, шарбате ҳазор динор арзад. Ва об ғизоҳоро ба аъзо расонад ва тарбият кунад ва оби хуш рӯйро неку кунад ва тандуруст кунад. Ва некутарини обҳо он аст, ки аз ноҳияти Машриқ ояд ва зуд сард гардад ва зуд гарм гардад. Ва бадтарин обҳо оби барф ва ях бувад, ки сармо латофат аз вай биситида бошад ва аҷзои ғализ монда.(Аз китоби Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ «Аҷоибнома»).

Дар ҳаёт об мавқеи асосиро ишғол мекунад. Субҳидам аз хоб хеста, худро бо об пок месозем, ғизои саҳариро бо об (чой) мехӯрем, мошинамонро бо об мешӯем ва ғайраю ғайраҳо. Мебинем, ки одамон ба ин неъмати олию асосӣ муносибати ғайри қобили қабул мекунанд. Худованд ба Тоҷикис­тони мо аз обҳои софу ҷонбахш фаровон додааст, аммо мо ба қадри он намерасем. Обро истифода карда, ҷумаки обрасонро маҳкам намекунем, ҳангоми омода кардани чою хӯрок ва шустани косаю табақ ва дигар чизҳои рӯзгор исроф мекунем. Ба замми ин, аз дасти мо, инсонҳо, оби ҷӯю дарёҳо ифлос шудаанд. Як ба рӯдхонаҳо назар кунед, тамоми намуди партовҳоро мебинем, ки болои об шино мекунанд ва ё дар соҳилҳо ғарам шудаанд, аммо оқибати аъмоли хешро андеша намекунем. Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфтааст:

Об ҳар чӣ бештар ниру кунад,

Бандғарви сустбуда барканад!

Албатта, на ҳама одамон чунин беэътиборӣ мекунанд, чунин амал кори онҳоест, ки маърифати паст доранду беандешаанд. Барои тарбияи маърифати экологӣ аз боғчаю мактаб то донишгоҳу донишкадаҳо корҳои тарбиявию омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳиро хубтар бояд ба роҳ монд.

2Ба ин мақсад аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ҳоли татбиқ аст. Барнома ба рушди низоми бефосилаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ равона гардидааст. Он барои тарбияи инсонҳое, ки муҳимияти мушкилоти муҳити зистро дарк мекунанд ва дорои дониш, маҳорат ва малакаи зарурӣ буда, барои аз ҷиҳати экологӣ дуруст ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат заруранд, пешбинӣ шудааст.

Аҳамияти тарбияи маърифати экологӣ ва баҳри ислоҳи вазъи ногувори муҳит зарурати андешидани тадбирҳои муассирро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карда, аз ҷумла, иброз намуданд: «Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст. Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо, маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният, тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.».

Қобили ёдоварист, ки соли гузашта бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон инак боз ба як чорабинии бузурги байналмилалӣ омодагӣ мегирад. 10-13-уми июни соли 2024 дар пойтахти мамлакат дар доираи «Раванди оби Душанбе» Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад. Ин тадбирҳо далели он аст, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи муҳими глобалӣ, бахусус дар самти таъмини сокинони сайёра бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, пешсаф аст.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»