Албатта, ҳама кор аз оғозаш душвор аст. Мақоли халқӣ ҳушдор медиҳад: «Об, ки аз сар гузашт, чӣ як ваҷабу чӣ сад ваҷаб». Шахси истифодабарандаи маводи мухаддир низ мисли ҳамин гуна об аст. Як маротиба барои чашидан, бори дигар ҳис кардани натиҷаи он ва минбаъд барои ба нестӣ бурдани ӯ боис мегардад. Агар дар аввал шахс медонист, он чӣ чизеро ба бор меорад, шояд аз истифодааш даст мекашид.
Ҳукумати кишвар бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои бо густариши маводи нашъаовар алоқаманд диққати асосиро ба чораҳое медиҳад, ки ба таҳкими муқобилият ба паҳншавии мухаддирот ва коҳиши зарар аз истеъмоли он равона шудаанд. Аз соли 1996 то соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор Барномаи миллии давлатӣ амалӣ гардид, ки самтҳои асосии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандиро муайян намуданд. «Барномаи ягонаи давлатии мақсадноки пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», ки соли 2007 қабул шуда буд, бо дарназардошти бартарият ва камбудиҳои барномаҳои қаблӣ доираи васеи вазифаҳо ва тадбирҳоро дар бар мегирифт.
Сарфи назар аз он ки ин Барнома дар маҷмӯъ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо иҷро намуд, чун пештара як силсила мушкилоти алоқаманд ба истифодаи қисме аз қаламрави Тоҷикистон барои интиқоли минбаъдаи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баъдан ба Федератсияи Россия ва Аврупо боқӣ мемонад. Илова ба ин, воридоти мухаддироти синтетикӣ тариқи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паҳн намудан дар байни аҳолии кишвар ба мубориза бо таҳдидҳои мухаддиротӣ даъвати навбатӣ шуд.
Бо дарназардошти рушди вазъи мухаддиротӣ дар минтақа 20 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард: «Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Дар кишвар зидди ин зуҳуроти номатлуб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муборизаи беамон бурда мешавад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд, вале то ба ҳол моро қонеъ намегардонанд ва ин фаъолият ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад ва гузашта аз ин, яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият дар ин самт зарур мешуморам, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳия карда шавад».
Барои иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо ва идораҳои марбута «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро таҳия намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ин санад барои таҳияи барномаҳои фаъолиятҳои зиддимухаддиротии ҳама сохторҳои дахлдори давлатӣ асос мебошад.
Барои татбиқи самараноки Стратегияи фавқуззикр кормандони Агентӣ аз воситаҳои судманд истифода бурда, бо тамоми қишрҳои аҳолӣ вохӯрӣ ва семинару тренингҳо гузаронида, дар чорабиниҳои пешгирикунанда ва таблиғотӣ намояндагони уламо, зиёиён, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш ва дигаронро ҷалб менамоянд. Бо дарназардошти он ки аксарияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони дини ислом мебошанд, Агентӣ як силсила мулоқотҳоро бо намозгузорони масҷидҳои пойтахт ва марказҳои вилоят баргузор намуд. Дар ин мулоқотҳо мутахассисони Агентӣ якҷоя бо имом-хатибони масҷид ақидаҳои зиддимухаддиротиро, ки дар таълимоти исломӣ пешбинӣ гардидаанд, таблиғ намуданд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои сохтории он якҷоя бо вазорат, ташкилоту муассисаҳо байни табақаҳои гуногуни аҳолии ҷумҳурӣ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон оид ба пешгирии нашъамандӣ, омилҳои хариду фурӯши одамон ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ин хатарҳо чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Албатта, чорабиниҳои номбаршуда наметавонанд ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти зиддимухаддиротиро, ки ба коҳиши талабот ба маводи мухаддир равона шудааст, дар бар гиранд. Вале натиҷаҳои мусбате ҳастанд, ки аз коҳиши ҷалби қишри ҷавони аҳолии кишвар ба нашъамандӣ ва таҳкими ҳамкориҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳокимият бар зидди густариши маводи мухаддир шаҳодат медиҳад.
Маслиҳату машварати якдигар низ метавонад ин зуҳуротро аз байн бубарад, зеро қонуни бародарӣ ҳам ҳаминро тақозо дорад.
Агар бинӣ, ки нобино ба чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Зиндагӣ бидуни нашъа бояд шиори ҳамарӯза бошад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»