Соли 1983, дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бо мақсади обёрии даҳҳо ҳазор гектар замини ташналаб дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуси вилояти Хатлон бунёди обанбори «Кофарниҳони Поён» оғоз шуда буд. Ин обанбор мебоист соли 1993 мавриди истифода қарор мегирифт. Мутаассифона, сохтмони он нотамом боқӣ монд.
Арзиши лоиҳавии сохтмон соли 1984-ум 416 миллион доллари ИМА пешбинӣ ва дар ин мавзеъ эъмори шаҳраки сохтмончиён, ки 200 хонаро дар бар мегирифт, оғоз шуда буд. Агар «Кофарниҳони Поён» сохта мешуд, дар ҳудуди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мутаносибан ду ноҳияи нав ташкил мешуд. Инчунин, дар ин мавзеъ, тибқи нақша, бояд неругоҳи барқи обӣ сохта мешуд, ки мавзеъҳои навташкилро бо барқ таъмин мекард. Мувофиқи маълумоти ҳамон давра, аз ҳисоби ба кор андохтани замини бекорхобидаи ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус солона 85 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешуд.
Таърихшиноси минтақа ва собиқадори меҳнат Қувваталӣ Додов дар мусоҳибааш бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки лоиҳаи «Кофарниҳони Поён» бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ, омода шуда буд. Ҳамон вақт дар ин мавзеъ чуқуриҳо барои рехтани таҳкурсии сарбанд кофта буданд. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, агар ин обанбор сохта мешуд, он ҳамагӣ дар панҷ сол хароҷоташро ҷуброн мекард.
Роҳбари пешини Институти илмию истеҳсолии лоиҳакашии «Нурофар» ва собиқ директори ПМК — 12 Талбон Ҳакимов зимни мусоҳиба зикр кардааст: «Ин лоиҳаро даҳҳо институтҳои Иттиҳоди Шӯравӣ омода кардаанд. Он дар соҳаи мелиоратсияи ду кишвар — Тоҷикистону Ӯзбекистон бесобиқа маҳсуб меёбад. Бо татбиқи ин лоиҳа метавонанд даштҳои ташналаби Курҷалолқум, Гулзор, Чордағал, Каниздеҳа ва Бешкентро обёрӣ кунанд».
Перомуни ин масъала муҳандис — гидротехник Геннадий Колитсов чунин гуфтааст:
- Дар минтақае, ки ин сохтмон ба нақша гирифта шуда буд, метавон зироати зиёди ситрусию субтропикӣ парвариш кард. Он яке аз водиҳои зархез ба ҳисоб меравад. Ин омили муҳим аст. Зеро дар ин мавзеъ дар моҳҳои июл — август дар ҳаҷми 243 миллион метри мукааб мушкили норасоии оби полезӣ ба назар мерасад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба ин масъала чунин гуфт: «Ин лоиҳа аз даврони шӯравӣ боқӣ мондааст ва яке аз беҳтарин лоиҳаҳои обёрӣ мебошад. Бо сохтмони обанбори мазкур беш аз 37 ҳазор гектар замини бекорхобидаи мавзеи Қубодиёну Шаҳритус обёрӣ хоҳанд шуд. Зимни сафарҳои кории хеш ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон дидем, ки он мушкилоте, ки мо вобаста бо обёрӣ дар мавзеи Қубодиёну Шаҳритус дорем, онҳо низ доранд. Ин лоиҳа дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон низ дар марҳилаи баррасӣ аст. Дар сафарҳои ояндаи роҳбарияти вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба вилояти мо оид ба сохтмони ин обанбор суҳбат хоҳем кард».
Умед аст, ки дар оянда бо ҷонибдории ду давлати бо ҳам дӯст ин лоиҳаи манфиатбахш амалӣ гардида, садҳо ҳазор гектар замини ташналаб шодоб хоҳад шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»