Вақте ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт масъалаи боздид аз маҳаллаҳои беҳтаринро ба миён гузоштем, корманди масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Акобир Ашуров бедудилагӣ маҳаллаи «Маърифат»-ро тавсия намуд.
Замоне, ки ба маҳаллаи мазкур омадем, корҳои ободонӣ босуръат ҷараён доштанд. Ҳангоми тамошои маҳалла мо назди одамоне, ки саргарми кор буданд, таваққуф кардем. Дар ин миён бо гурӯҳи заноне, ки бо об додани ниҳолу гулбуттаҳои кӯчаи худ машғул буданд, ҳамсуҳбат гаштем. Аз онҳо пурсидем, ки тайи чанд соли охир симои маҳалла то чӣ андоза тағйир ёфтааст?
Яке аз онҳо гуфт, ки фарқ аз замин то осмон аст. Солҳои пеш роҳҳо хароб буданд, нақлиёт намегашт, мо то истгоҳи нақлиёти мусофиркаш ду километр роҳро тай мекардем, кӯчаю пасткӯчаҳо ифлос ва шабона торику мушкилгузар буданд. Худи мардум ин маконро «Трушоба» меномиданд. Ҳоло бошад, ин мушкилиҳо рафъ шуданд. Мо ба ҳамаи ин шукрона мекунем.
Сипас, ба фаъолияти комиссияҳои Шӯрои маҳалла шинос шудем. Барои кори ҳар як комиссия ҷузъгири алоҳида ҷудо шудааст. Дар дохили ҳар яки онҳо нақшаи тасдиқгардидаи корӣ, тақсимоти вазифаҳо байни аъзо, протоколҳои ҷаласаҳо ва ғайра мавҷуданд. Раисони комиссияҳо, ки ҳамзамон узви Шӯрои маҳалла мебошанд, корҳои умумиро дастаҷамъона бо кумаку дастгирии ҳамдигар ба субут мерасонанд.
Раиси маҳалла Зебо Асоева дар хусуси раисон ва аъзои комиссияҳо маълумоти муфассал дода, минҷумла чунин гуфт:
- Раиси Комиссия оид ба кор дар байни ҷавонон Парвина Маҳмадҷонова бо саъю талоши пайвастааш ҷавонони маҳалларо ба корҳои муфиду созанда равона мекунад. Раиси Комиссия оид ба кор бо занон ва оила Муҳаббат Иброҳимова ҳамеша баҳри тарбияи фарзандони солеҳу солим ташвиқоту тарғибот мебарад. Ҷамил Гадоев – раиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо назоратчии сахтгири ҳар як маърака мебошад ва кӯшиш дорад, ки онҳо дар доираи талаботи қонун доир шаванд. Имом — хатиби масҷидамон Сайҷалол Гадоев мудом бо намозгузорон доир ба хатари паҳншавии ҷараёнҳои ба дину маҳзаби мо бегона суҳбатҳо доир намуда, зарурати пешгирии шомилшавии ҷавононро ба ин ҷараёнҳои номатлуб таъкид менамояд.
Зебо Асоева доир ба натиҷаҳои кори комиссияҳо ва Шӯрои маҳалла бо қаноатмандӣ сухан ронд:
- Натиҷаҳо воқеан назаррасанд. Чунончӣ, соли 2014 дар озмуни ноҳиявии «Наврӯзи беҳтарин» маҳалла ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар рӯзи ҷашн бо дастгирии молиявии соҳибкорони саховатманд Хуршед Қурбонов ва Ҷӯрабек Умаров хатнасури 24 кӯдак аз оилаҳои камбизоат доир карда шуд.
Хонаводаи Қурбоналӣ Иброҳимов дар озмуни шаҳрии «Хонаи беҳтарини маҳалла» ғолиб дониста, ба ӯ аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе мукофот ва роҳхат ба истироҳатгоҳи «Хоҷа обигарм» тақдим карда шуд.
20 майи соли 2015 дар манзили истиқоматии Раънохон Ҷӯраева «Рӯзи оила» ботантана қайд карда шуд. Баъди омӯзиши ҷараёни татбиқи нақшаю чорабиниҳои Шӯрои маҳалла интихобан ба чанд хона даромада, бо аҳли хонавода шинос шудем. Манзили Раънохон Ҷураева (кӯчаи Гастелло хонаи №171). Дар ҳавлии на чандон калон дар ҳар як гӯша гулу гулбутта ва дарахте ба тарзи худ «худнамоӣ» мекунанд. Хонавода ғолиби озмуни «Оилаи беҳтарин» ва келини хонавода — Мунирахон Ҷӯраева ғолиби озмуни «Кадбонуи беҳтарин» будаанд.
Ҳангоми суҳбат Раънохон Ҷӯраева нақл кард, ки шуғли дӯстдоштааш гулпарварӣ мебошад.
Дар зимн маълум гардид, ки ин ҳама ҳалолкорию зебоипарастӣ ба номбурда аз падари зиндаёдаш — Рассоми халқии Тоҷикистон Саъдулло Мирсаидов, ки нақши дастонаш дар наққошию кандакориҳои чойхонаҳои бошукӯҳи «Роҳат», «Саодат» ва «Истаравшан» сабт гаштааст, мерос мондааст.
Аз суҳбат бо сокинони маҳалла хулоса кардан мумкин аст, ки меҳнатдӯстӣ дар зиндагиашон самти афзалиятнок аст.
Робитаи тарафайн, ҳамеша дар байни мардум ва шарики ғаму шодии онҳо будан боис шудааст, ки сокинони маҳаллаи мазкур нуҳ сол боз Зебо Асоеваро раиси худ ва се маротиба пай дар пай вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб намудаанд.
С. УМАРОВ, «Садои мардум»