Ободӣ самараи якдилист

№49-50 (4311-4312) 17.04.2021

Фабрика форматовIMG-20210330-WA0015Соли сеюм аст, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 — 2021» корҳои созандагию ободонӣ дар деҳоти мамлакат авҷ гирифтааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор дар ин муддат кори зиёд ба сомон расид.

Сокинони деҳа тавассути ҳашар соҳилҳои дарёча ва ҷӯйҳои деҳаро бетонпӯш карданд. Ин амал ба шусташавии соҳил ва лойшавии обу исрофи он хотима бахшид. Тирамоҳи соли 2019 бо маблағи аҳли деҳа як қисми роҳи марказӣ  мумфарш гардид. Раёсати Шӯрои маҳалла соли 2020 қарор кард, ки  бинобар гарон будани нархи  мумфаршкунӣ, бо усули ҳашар қисмати боқимондаи роҳро  бетонпӯш кунад. Ин усул  самаранокиро нишон дод. Бо сарварии раиси маҳалла  Парвиз Муъминов ва маслиҳати собиқадорони меҳнат Сафаралӣ Усмонов, Ҳабибулло Саидов, Эҳромиддин Муродов, Пирмуҳаммад Ҳакимов, Абдуҳалим Боев, Адҳам Хушматов ва дигарон рӯзҳои шанбею якшанбе 20 нафарӣ бо навбат 250 метр роҳи канори мактаби деҳаро  симтӯр гузошта, бетон рехтанд. Таҷриба нишон дод, ки сифати роҳи бо усули ҳашар бетонпӯшшуда аз роҳи мумфарш беҳтар аст. Дар як вақт соҳили ҷониби рости ҷӯи канори роҳ низ бетонпӯш шуд.

Соли сипаришуда бо кумаки шахсони хайрхоҳ 28 симчӯб дастрас гардида, бо ёрии Шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор ва сокинони деҳа насб шуд. Лозим ба ёдоварист, ки симчӯбҳои қаблӣ соли 1965 насб гардида, дар ҳолати  садамавӣ қарор доштанд.

Деҳаи Муъминобод дар бобати нигоҳдории оромгоҳ дар шаҳри Ҳисор намунавӣ ба шумор меравад. Соли гузашта аҳли деҳа дарвозаи оромгоҳро нав карда, атрофи  онро панҷара гирифтанд. Дар даромадгоҳи он сарой ва ҷойи нигоҳдории асбобу таҷҳизоти тадфин сохтанд. Касоне, ки ба зиёрати аҳли қубур меоянд, дар курсиҳои чӯбин нишаста, гузаштагонро ёд мекунанд.  Айвони дарозиаш 30 метр  зиёраткунандагонро аз боду борон ва офтоби сӯзон эмин нигоҳ медорад.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №30, ки дар маркази деҳа ҷойгир аст, соли 1982 ба истифода дода шудааст. Чанде пеш бо ташаббуси ҷавонони деҳа ташноби он пурра навсозӣ гардид.

Соли 1973 бо ташаббуси раиси хоҷагии овозадори ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор шодравон Раҳматулло Аминов сокинони деҳа соҳиби хати обгузар шуданд. Солҳои охир бинобар занг задани лӯлаҳои обкашӣ дар баъзе аз мавзеъҳо интиқоли об ба мушкилӣ дучор мешуд. Аҳли деҳа баъди муроҷиати чандкарата ба идораи таъминоти оби шаҳр чун ёрие надиданд, бо қувваи мардум лӯлаҳои обро иваз намуданд.

Яке аз корҳои шоёни аҳли деҳа ниҳолшинонист. Дар шаҳри Ҳисор ягон деҳа мисли Муъминобод дарахти ҳамешасабз надорад. Ҳанӯз дар давраи сарвар будани ҷавонмарди ободкор, шодравон Абдумаҷид Муъминов деҳа бо сӯзанбаргҳои  сершумор шуҳрат дошт. Раиси маҳалла ҳар сол бо усули ҳашар теъдоди дарахтони  сарсабзро зиёд мекард. Иқдоми неки ӯро ҳоло писараш Парвиз идома дода истодааст. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонон 50 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзро дар гирди варзишгоҳи мактаб шинонид, ки хуб нашъунамо доранд.

Чанд сол боз дар деҳа айёми иду ҷашнҳо аёдати дастаҷамъонаи беморону пирони барҷомонда ба роҳ монда шудааст. Соли равон низ раиси ғамхор ҳамроҳ бо аъзои раёсати маҳалла дар Рӯзи Модар беш аз сад бонуи солори деҳро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи ­оламафрӯз сокинони деҳа кӯчаву пайраҳаҳоро тозаву озода намуда, танаи дарахтонро сафед намуданд.

Истифодаи замин аз ҷониби сокинони деҳа низ зери назорати доимӣ қарор дорад. Аксар сокинони он аз замини наз­диҳавлигиашон 2-3 ҳосил мерӯёнанд.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки афзоиш додани истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ бисёр муҳим буда, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла, бунёди боғҳои интенсивӣ ва аз як замин гирифтани то се ҳосил таъмин шавад. Сокинони деҳаи Муъминобод ин дастури Сардори давлатро сармашқи кор қарор дода, бо истифодаи поруи  маҳаллӣ ва хокистар ҳосилнокии заминҳоро зиёд карда истодаанд. Бисёриҳо дастранҷи хешро ба бозори  маркази шаҳри Ҳисор бурда, дар фаровонии дастурхони ҳамватанон саҳми босазо мегузоранд, — мегӯяд Парвиз Муъминов.

Бо қарори раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода аз 16 январи соли 2019 таҳти рақами 20, бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин маҳалли аҳолинишин» эълон шуд. Деҳаи Муъминобод ҳамчун деҳаи намунавӣ яке аз довталабони асосии озмун ба шумор меравад. Шакке нест, ки якдиливу созандагии аҳли деҳа онҳоро дар ҳама ҷода комёб гардонида, ояндаи наздик деҳа ба шаҳраки  замонавӣ табдил меёбад.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»