Пас аз таҷдиду тармим роҳи автомобилгарди Спитамен — Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи ин ҷодаи пураҳамият муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок кард.
Раиси вилояти Суғд ифтитоҳи роҳи мазкурро беҳтарин армуғони идона ба сокинони ин навоҳӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки он аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, эълон кардани соли 2014 — Соли роҳҳои обод дар вилоят имкон дод, ки ҳолати 2800 километр роҳ беҳтар шавад. Бо мақсади таъмири роҳи автомобилгарди Спитамен — Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон аз соли 2014 инҷониб аз буҷети вилоят зиёда аз 13 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст. ҳамакнун рафтуомади сокинони ноҳияи Мастчоҳ ва деҳоти «Хуррамзамин»-и ноҳияи Спитаменро ба дигар ноҳияҳои ҳаммарз, маркази вилоят ва пойтахти кишвар бамаротиб осон гашта, барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ки ба шаҳри Душанбе сафар мекунанд, роҳ 130 км наздик шуд.
Барои чунин иқдоми хайру наҷиб сокинони ноҳияҳои Мастчоҳ ва Спитамен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуданд.
Бо пуштибонӣ аз ин иқдоми неки раиси вилояти Суғд гурӯҳе аз соҳибкорони деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ баҳри таъмири роҳи кӯчаи ба номи Ҳоҷӣ Амиров камари ҳиммат бастанд.
Ноҳияи Мастчоҳ аз минтақаҳои бузурги кишоварзии вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки ҳамасола деҳқонони шуҳратмандаш ҳосили хуби зироатҳои кишоварзиро ба даст оварда, дар ғанӣ гардидани хирмани «тиллои сафед»-и кишвар ва бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намудани бозорҳои дохилӣ саҳми назаррас доранд.
Дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии «Лангар»-и ноҳияи Мастчоҳ мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо кишоварзони ноҳия баргузор гардид. Таъкид гардид, ки соҳиби ҳақиқии замин шудани деҳқон боиси боло рафтани ҳосилнокӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва паст гаштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои истеъмолии вилоят гардидааст.
Бино ба иттилои Идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар майдони умумии 22130 гектар кишти зироатҳоро анҷом дода, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Дар ноҳия дар майдони умумии 9507 гектар пахта кишт карда шудааст, ки аз ин миқдор 8717 гектараш пунбадонаҳои навъи серҳосили хориҷӣ мебошад.
Бо дарназардошти қимати имрӯзаи нахи пахта таъкид карда шуд, ки маблағи чиниши пахта бояд дар оғоз на кам аз 30 дирам пардохт шуда, минбаъд то ба 50 дирам ва як сомонӣ расонида шавад.
Зимни ин сафар бо иштироки Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳраки Бӯстон бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Абдувосит Салимзода,
«Садои мардум»