Ободкориҳо идома меёбанд

№59 (4479) 17.05.2022

DSC_4107Дар ноҳияи Сангвор ба муносибати 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 49 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2022 барои сохтмони асосии ноҳия дар буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, он мувофиқи нақша барои бунёди шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва азнавсозии боғи фарҳангӣ дар маркази ноҳия, навсозии бинои деҳоти «Тавилдара» ва сохтмони стансияи боду ҳавосанҷӣ дар деҳот пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар биноҳои зикргардида идома дорад.

Дар чор моҳи сипаригардидаи соли равон бинои маркази савдо ва хизмат­расонӣ дар деҳаи Хури деҳоти «Вахё» ва бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сари ҷангали деҳоти «Тавилдара» ифтитоҳ гардиданд.

Аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 8 иҷозати сохтмон барои хонаи истиқоматӣ дода шудааст.

Корхонаи фаръии «Лоиҳакаш» дар ин муддат чор лоиҳаи хонаҳои истиқоматиро ба анҷом расонида, аз ин ҳисоб ба суратҳисоби махсуси корхона ба маблағи 3900 сомонӣ маблағ ворид намудааст.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»