Кӯҳистони мамлакат, аз ҷумла Бадахшон, бо обҳои зулол, чашмаҳои мусаффо рӯдҳои ҷӯшону хурӯшони кӯҳияш дар олам камназир аст.
Тавре мегӯянд, ҷое, ки об аст, ҳаёт аст, зиндагӣ дар ҷӯшу хурӯш аст. Тасаввур кунед, ки 86 фоизи бадани тифли навзод ва 70 фоизи бадани калонсолонро об ташкил медиҳад. Инсон барои эҳтиёҷот ногузир аз дигар неъматҳо истифода мебарад, ки барои фаровониву мавҷудияти онҳо низ нақши об аввалиндараҷа мебошад. Об асоси ҳаёти танҳо инсон нест. Ҳайвоноту наботот аз об ҳастии худро таъмин мекунанд. Масалан, ҳайвонот 75 фоиз, картошка — 76, себ — 85, тарбуз 96 фоиз аз об таркиб ёфтаанд. Дар таркиби гулу хор, сабзаю себарга, дарахту растаниҳои гуногун 90 фоиз об мавҷуд аст ва заррае агар ғизои обашонро кам кунем, пажмурда ва нобуд мегарданд. Дар таркиби хоки биёбонҳои бегиёҳи олам тухми ҳама гуна растанӣ вуҷуд дорад, вале аз нарасидани об ва файзи ҳаётбахши он дар биёбонҳо чизе намерӯяд, мавҷудоти зиндае наметавонад вуҷуд дошта бошад.
Бояд қайд кард, ки 71 фоизи масоҳати сайёраи заминро об ташкил медиҳад. Танҳо 29 фоиз хушкӣ аст. Дар олам танҳо 0,5-1,0 фоизи обҳои мавҷуда ширин мебошаду халос. Боқимонда оби шӯр аст. Тақсимоти оби нӯшиданӣ бошад, дар рӯи замин хеле нобаробар аст.
Атрофи дарёҳои Волгаю Об саросар ботлоқзор аст, вале биёбони Соҳира (Сахара) ва Саҳрои Араб қатраи оби равон надоранд. Дарёҳои азими Сибир ба уқёнусҳо бефоида мерезанду баҳри Арал хушк шуда истодааст. Яхҳои абадхобидаи Антарктида миллиардҳо тонна оби ширинро бефоида захира кардаанду дар ҳудуди Осиё, ки 60 фоизи аҳолии дунё дар он зиндагӣ доранд, мушкилоти об ба миён омадааст. Ба замми ин обҳои ошомиданӣ ниҳоят бетартиб ва бемақсад сарф мешаванд. Резишгоҳи хушкшудаистодаи рӯдҳои Сиру Аму шаҳодати онанд.
Тасаввур кунед, ки сатҳи баҳри Арал аз солҳои 50-уми асри XX зиёда аз 19 метр паст шудааст. Оби ин баҳр, ки 1000 км3-ро ташкил медод ва садсолаҳо вуҷуд дошт, имрӯз ба 200 км3 расидааст. Ин як бархӯрди сахти инсоният бо табиат аст, ки роҳи ҳалли онро бояд пайдо кард.
Солҳои 80-уми асри гузашта бо супориши Ҳукумати пуриқтидори советӣ Вазорати хоҷагии оби ИҷШС як лоиҳаи калонро оид ба баровардани оби дарёҳои Сибир ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва баҳри Арал омода сохт, ки хеле пураҳамият маҳсуб мешуд.
Аҳамияти он, пеш аз ҳама, дар паст шудани обҳои зеризаминӣ, кам шудани ботлоқзорҳо ва аз хавфи обхезӣ муҳофизат кардани маҳалҳои аҳолинишини Федератсияи Россия буд, ки солҳои охир аз обхезӣ зарари моддию маънавӣ медиданд.
Дуюм, баҳри Арал наҷот меёфт ва заминҳои лабташнаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон обёрӣ шуда, иқтисодиёташон тараққӣ мекард. Вале дар давраи бозсозӣ як қатор олимон, бахусус сармуҳаррири журнали «Мир» Сергей Залигин ва дигар ҳаммаслакони вай садди роҳи иҷрои ин лоиҳа гаштанд ва ин мақсади наҷиб амалӣ нашуд. Ба истодгарии Залигин ва дигар шахсони ҷонибдори бозсозӣ Вазорати пуриқтидори хоҷагии оби ИҷШС аз байн рафт. Вазорате, ки дорои институтҳои илмию лоиҳакашӣ, ташкилоту муассисаҳои пуриқтидори сохтмонӣ, иншооти калони гидротехникию гидромелиоративӣ, базаи мукаммали сохтмонӣ, техника, таҷҳизот ва ғайра буд, дар як лаҳза барҳам хӯрд.
Барҳам хӯрдани Вазорати хоҷагии оби ИҷШС ба ташкилоти иттифоқии зертобеи он, аз ҷумла ба ҷумҳурии мо, таъсири манфии худро расонд. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ — монтажкунии иншооти об, заминкушоӣ ва дигар корҳои гидротехникию гидромелиоративӣ паст фаромад.
Қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, барои Тоҷикистон ифтихори бузург аст. Итминон дорем, ки ба чунин ташаббусҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти солҳо ҷаҳониён баҳо хоҳанд дод.
Имрӯз дар қитъаи Осиё 1 млрд., дар Африқо 350 млн., дар Америкаи Лотинӣ 100 млн. ва дар қисмати дигари олам чанд миллион нафари дигар аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Вале мо бояд шукр кунем, ки дар диёри обҳои равону чашмаҳои мусаффо, сарзамини кӯлҳои обашон нӯшиданиву пиряхҳо, ки захираи бузурги оби тозаро ташкил медиҳанд, зиндагӣ мекунем.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 1000 пирях мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо зиёда аз 8041км2 ва захираи оби ширину зулоли онҳо ба 500 км3 мерасад.
Пиряхҳои Помир зиёда аз 70 дарёро аз ях ва барфи обшуда таъмин мекунанд. Аз ҷумла, дарёи калонтарини Осиёи Миёна — Амурдарё низ аз кӯҳҳои Помир пуроб мегардад.
Аз ин миқдори калони захираи об дар хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан 0,323 км3 ё ки 1,2 фоизаш истифода бурда мешаваду халос. Боқимондаи он бефоида ҷорӣ мешавад.
Аз ин рӯ, об ҳамчун дигар боигарии табиат бояд манбаи даромад бошад. Дар айни замон бисёр давлатҳои Араб ва Африқо, ки аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, лоиҳаеро тайёр карда истодаанд, ки тибқи он бояд яхкӯҳи шиновари азим (Айсберг) –ро аз Антрактида ба давлати худ оварда, аз он ҳамчун оби тозаи нӯшиданӣ истифода баранд. Табиист, ки барои амалӣ гаштани ин лоиҳа маблағи калон лозим аст. Оё ба ҷойи ин кори заҳматталаб онҳо аз обҳои зулоли Тоҷикистон, бахусус Помир, истифода баранд, арзонтар нест? Об ҳам чун мол бояд ҳаридуфурӯш шавад. Ин бойигарии мост, ки ҳеҷ бойигарии дигаре ҷойи онро гирифта наметавонад.
Қ. Шарифов,
собиқ сардори Раёсати хоҷагии оби
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон