Намояндагони воситаҳои ахбори кишвар барои бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шудан имкони бештар пайдо карданд. Роҳбарияти Агентӣ бо ин мақсад роҳбарону хабарнигорони шабакаҳои телевизион ва радио, марказҳои иттилоотӣ ва матбуоти давриро барои суҳбат дар гирди мизи мудаввар даъват кард.
Директори Агентии обуҳавошиносӣ Расулзода Ҳомидҷон Ҳасан, муовини директор Каримҷон Абдуалимов, сардори Маркази обуҳавосанҷӣ Ҷамила Байдуллоева ва дигар масъулон роҷеъ ба таърихи хадамоти обуҳавошиносӣ, фаъолияти Агентӣ дар 25 соли Истиқлолият маълумот дода, ба саволҳои журналистон посух гуфтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки рўзҳои 17 -18 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шўрои байнидавлатӣ оид ба обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Баъди ин ҷаласа ҷашни 90 – солагии Агентии обуҳавошиносӣ таҷлил мешавад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»