Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар гузаргоҳи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов се сокини шаҳри Истаравшанро дастгир ва аз онҳо 1 кг. 915 грамм героин, 14 кг 418 грамм гашиш мусодира намуданд. Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 16 кг 333 граммро ташкил намуд.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки яке аз боздоштшудагон соли 2007 барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон суд шуда будааст, аммо баъди аз ба озодӣ баромадан боз даст ба ҷиноят задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дар ҳаҷми махсусан калон”) оғоз карда шудааст.
Айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани шахсони боқимонда, ки ба ҷинояти мазкур даст доранд, андешида мешавад.
Аъзам МЎСОЕВ, «Садои мардум»