Ҳамовозӣ

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

№50 (3844) 26.04.2018

Дар шумораи №44-и рӯзномаи «Садои мардум» (10 апрели соли равон) қайд­ҳои сафари Ҷамшеди Сабоҳиддин зери унвони «Дар Самарқанд эҳсоси бегонагӣ накардем» — ро бозавқ мутолиа намудам.

Дар ҳақиқат имрӯзҳо шодию хурсандии сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳадду канор нест. Кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадии байни ду ҷумҳурӣ, равуои бемамониати шаҳрвандон, таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ боиси шодмонии пиру барно гардид.

Мулоқоту музокироти судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ба имзо расидани 27 созишномаи барои ҳар ду ҷониб басо муфид ба ривоҷи муносибот шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамдигарро дӯсту бародар хондани сарварони ҳар ду мамлакат ба дили беш аз 40 миллион нафар шодиву нишотро эҳдо намуд. Аслан ин ду халқи дӯсту бародарро чун гӯшту нохун, мисраъҳои як байт, ду шохи як чанор ва ду гули як баҳор аз ҳам ҷудо кардан душвор аст. Ба қавли устод Боқӣ Раҳимзода:

Фарқи ҳама мардумони дигар осон,

Аммо шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик,

Бинанда чунин суол орад ба миён,

К — эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбек ё тоҷик?

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуда буданд, ки дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ намунаи олии дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба шумор меравад.

Вақте ки тавассути телевизион дидорбинии хешу таборонеро, ки баъди чанд сол бо ҳам вохӯрданд, тамошо кардем, ашки шодӣ рехтем. Аён буд, ки сокинони ду кишвар ташнаи дидори якдигар ва лаҳзаҳои шодиро беқаророна интизор будаанд. Бо амри тақдир ман хизмати аскариро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сипарӣ карда будам. Дар қатори дигар ҷумҳуриҳо аз Ӯзбекистон низ ҳамяроқони хеле зиёд доштам. Муддати беш аз ду даҳсола аст, ки бо он дӯстони азизам вонахӯрдаам. Акнун маро дар дил шодиву нишот бештар аст. Зеро имкон дорам, ки ба дидори дӯстони ҷонӣ бирасам ва ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро сафар намоям.

Чоршанбе РАВШАНОВ,

дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик М. Осимӣ Ҳотам

РАБИЕВ, рӯзноманигор