Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ: «Ислом ба ягон ҳизбу ойиннома ва фатвоҳои шахсони алоҳида ниёз надорад»

№51 (3197) 20.05.2014

Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, муовини якуми вазири авқофи Давлати Кувайт вуҷуди ҳизби сиёсӣ дар Исломро инкор карда, фаъолияти ин навъи аҳзобро мушкилсозу ихтилофовар хонд.

Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, ки зимни як барномаи телевизионӣ тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт: «Дини мубини Ислом, ин дини бузург ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Боз такрор мекунам, ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад».

Ба гуфтаи муовини якуми вазири авқофи Кувайт, гӯё мардум ва раҳбарияти ин кишвар ба фаъолияти аҳзоби сиёсии характери динидошта дар ҷомеа назари нек надоранду онҳоро ихтилофовар меҳисобанд ва дар сурати доштани як сарқонуни Худовандӣ ниёзи дигареро дар ойинномаву низомнома ё қонуну аҳзоб намебинанд.

«Раҳбарият ва сокинони Кувайт ба фаъолияти аҳзоби хусусияти динидошта назари нек надоранд, чун дар бисёр маврид фаъолияти ин аҳзоб ба мушкилот оварда мерасонад. Миёни аҳзоби динӣ ҳамеша кашмакашу ихтилоф ҷой дорад. Агар дуруст назар кунем, Худованд Қуръонро барои бандагони худ, як қонуни асосӣ офаридааст ва мо бояд аз он истифода кунему ба қоидаву қонуни он гӯш диҳем, то зиндагии мо поку бенизоъ ва беолоиш бошад. Мо бояд бо рафторҳои бади худ ба ислому Қуръон доғи бад наорем. Бо номи Ислом набояд ба ҳар кору амали ношоиста даст зад, ки ин амалҳо боиси паст шудани нуфузи Ислом аст. Дини мубини Ислом ин дини бузург ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Боз такрор мекунам, ки ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад»,-таъкид дошт ал-Фаллоҳ.

Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, ки ба як шеваи «даъват» дар ин барнома суҳбат мекард, илова дошт, ки  дар кишвари ӯ, бо вуҷуди мамнуъ будани фаъолияти ҳар гуна аҳзоби сиёсӣ-демократия ва озодии баёну парлумон дар як сатҳи хеле хуб ҳукмфармост: «Бар асоси сарқонуни феълии Кувайт, ки солҳои 60-уми асри гузашта қабул гардидааст, фаъолияти ҳар гуна аҳзоби сиёсӣ манъ аст. Дар ҳоле ки дар кишвари мо ягон ҳизб фаъолият надорад, демократия низ хеле хуб рушд кардааст. Вазъи озодии баёну инсон ва парлумон хеле дар сатҳи хуб мебошад»,- таъкид намуд Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ.

Дар идома муовини якуми вазири авқофи Кувайт ба масъалаи издивоҷ ва талоқ пардохта, барои садди роҳи афзоиши ин ҳолатҳо ва ҳалли мушкилоти оилавӣ пешниҳод намуд, аз таҷрибаи кишвараш истифода кунанд. Ӯ чунин гуфт: «Дар Кувайт талоқ дар маҳкамаҳо сурат мегирад, додгоҳ бошад, то зану мард бо коршиносони ҷомеашиносу ходими дин сари мизи музокирот нанишинанд, ҳукме содир намекунад. Натиҷаи ин қонуни мо чунин нишондод аст, ки 60 фоизи оилаҳои сари мизи музокиротнишаста аз раъйи худ бармегарданд. Аз ин нишондод 90 дар садашон ба зиндагии осудаву осоиштаи худ идома медиҳанд.  Албатта, хуб мешуд, ки дар Тоҷикистон низ дастур ё қонуне бошад, то дар ин самт кор бурда шавад».

Инчунин ӯ талоқ кардан тавассути телефон ё паёмро нораво хонда, таъкид кард, ин амал аз сӯи тамоми олимони ҷаҳони Ислом маҳкум мешавад: «Дар мавриди талоқ тавассути телефон ё смс (паёмак) бояд гуфт, ки иҷоза нест, мард аз масофаи дур истода бо ин василаҳо зани худро талоқ кунад. Ман мутмаинам, ки олимони дин ин амалро маҳкум мекунанд. Чун дар ин ҳолатҳо бештар бо роҳи буҳтону туҳмат сурат мегиранд. Шояд дар ҳаққи зани он муҳоҷир туҳмати бад зада бошанд. Пас мешавад аз як масофаи дур аз тариқи паём талоқ кард. Ҳаргиз не».

Муовини якуми вазири авқофи Кувайт таъкид дошт, ки мард баъд аз талоқи занаш ҳақ надорад, ӯро аз хона берун кунад ва дар як хона зистани онҳо шояд сабаби дубора ба ҳам омаданашон хоҳад буд: «Бояд фармудаҳои Қуръонро риоя карду мард баъд аз талоқ кардан, ҳақ надорад ҳамсарашро аз дар берун кунад. Зеро бо мурури замон шояд онҳо дубора оштӣ кунанд. Яъне бо ин васила мушкилот роҳи ҳалли мусоламатомези худро пайдо мекунад».

Гуфта мешавад, суханронии Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ дар бораи инкори вуҷуди аҳзоби сиёсии характери динидошта дар Ислом дар ҳоле тавассути шабакаҳои давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, ки дар кишвар Ҳизби наҳзати исломӣ – ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ дар асоси Сарқонун фаъолият дорад.

Сарчашма — «Озодагон»