«Хушбахт он касест, ки дар хонадони ӯ касе бе илму бе тарбият набошад»
Садриддин Айнӣ
Баъди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзан мешунавем, ки мегӯянд: «Ҳукумат дигар кор надорад, ки баъди танзими хайру худоӣ, масъалаи масҷидравии ноболиғон, сатру ҳиҷоб, боз рӯ ба масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ва оиладорӣ овардааст?». Оре, дар ҳоле ки нифоқи байни гурӯҳу ҷараёнҳои тундрави исломӣ, таълимоти бархе аз нафарони ғаразхоҳ ҷавонони муҳассили макотиби динии хориҷӣ, муҳоҷирони меҳнатиро ба ҷангҳо, кушторҳо, терроризм ҷалб месозад, латма ба амнияти кишвар мезанад, задухӯрдҳо ва кинаву адоват ба вуҷуд меоранду ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба ҷангҳои бемаънии байналмилалӣ ҷалб мешаванд ва расму оинҳои бо хурофот олуда боиси қашшоқии шаҳрвандон мегарданд, кори тарбияро дар оила мушкил мегардонад, давлат муваззаф аст, пеши роҳи ин бесарусомониро бигирад! Ин ҷо сухан дар бобати тарбия, ташаккули инсони комил дар оилаи солим меравад, ки ояндаи миллат ба он вобастагӣ дорад.
Оре, дар сархати кулли эъҷозҳо, корномаҳо, ободиҳо инсони бошууру созанда, бонангу номус, фарзонаву раиятпарвар ва озодаву шоиста меистад ва чунин фарзандон танҳо дар муҳити оилаи солим парвариш меёбанд. Бурду бохт, таназзулу ташаккули минбаъдаи ҷомеаи мо ба насли саодатёр, наврасони меҳнатқарину меҳанпарасти имрӯза вобаста аст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) ба ноустувории оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳ карда, зикр гашт, ки соли 2014 -ум 9000 навхонадоршудагон никоҳашонро бекор карданд, айни замон 18000 кӯдакони маъюб парвариш меёбанд, ки як қисми онҳо самари никоҳи хешутаборист. Омили дигари ноқис парвариш ёфтани кӯдакон муҳити зист, тарбия мебошад. Яъне, барои бозиҳои серҳаракати бачаҳо, ташаккули завқу салиқаи онҳо шароит муҳайё бояд кард. Айни замон дар деҳот ва дар шаҳр мушкилот зиёданд. Дашту майдони васеи канори деҳот пур аз ҳавлиҳои дакаданг гаштаанд, беҳсозии шароити боғҳои фароғатӣ – истироҳатии кӯдакону наврасон аз ёди масъулон рафтааст. Ҷои ҳавзҳои оббозӣ, тӯббозӣ, чархофалакҳоро танӯрҳои пурдуду мошинҳои хориҷӣ ишғол намудаанд. Гӯё ҳамаи масъулини шаҳру навоҳӣ, волидон бачагии хешро фаромӯш намудаанд, мехоҳанд, ки кӯдакон низ баробари эшон саҳарӣ ба масҷиду корхонаҳо бираванд.
Дигар омили бесоҳибмонии насли наврас ин ба муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Россия рафтани волидон, ҷавонони муҷаррад мебошад, Шукр, ки солҳои охир корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мешаванд, ҷойҳои корӣ зиёд мегарданд, аммо муҳоҷират мавҷуд аст. Бояд огоҳ бошем, ки беназорат мондани ҷавонон дар хориҷ аз кишвар гирифтории онҳоро бо амрози хатарзо, марговари ҷинсӣ чун СПИД зиёд мегардонад ва баъди чанд сол бо ин «туҳфа» ба назди аҳли оила бармегарданд. Сарчашмаи поку мубаррои насл, ахлоқу одоб, расму оини неки ниёгон, ҳифзи насли солим – деҳоти кӯҳистонро олуда месозанд, яъне хавфи наслкушӣ ба миён меояд. Масъулони деҳот, сарварони бахши тандурустиро зарур аст, ки ба ҷойи зиёфатхӯрӣ зимни бозгашти муҳоҷирон ва гирифтани ҳадяҳо онҳоро фавран аз назорати қатъии тиббӣ гузаронанд.
Мутафаккирони бузург аз серникоҳии ҷомеаҳои аввал, расму анъанаҳои қабилаҳои гуногуни олам ёдовар шуда, бунёди оиларо чун ҷузъи асосию бунёдии ҷомеа номида, таъкид мекунанд, ки маҳз пас аз бастани аҳдномаи издивоҷ муносибатҳои хонаводагӣ ба мерос ва амволи муштарак муайян мегардад, яъне пайдоиши никоҳ боиси аз хараҷу мараҷи муносибатҳои ҷинсӣ, бадахлоқиву бемориҳои хавфнок раҳо ёфтани инсон гашт. Дар ин росто, ба таълимоти ориёиҳо баҳои баланд медиҳанд. Дар саргаҳи ин тозакориҳо ахлоқи ҳамидаи бунёди оила аҷдодони мо меистанд. Дар яке аз манбаъҳои қадимтарин дар готҳои Авасто, дар Ясно ҳоти 53 (бандҳои 3, 4, 5) Зардушт ба духтараш Пуручисто дар интихоби ҳамсар ба чунин панд муроҷиат кардааст:
«Инак, эй Пуручисто Спитома аз дудмони Ҳаичатаспа, эй ҷавонтарин духтари Зардушт, ин аст шавҳаре порсо ва корозмуда, ки аз рӯи некманишӣ барои ту интихоб кардам, ончунон хоҳонам, ки бо андешае жарф ва аз рӯи хиради худ хостаатро боз гӯӣ».
Ҳамин тавр, Ҷамосп, ки Пуручисторо ба ҳамсарӣ пазируфтааст, мегӯяд: «Ба ростӣ ва дурустӣ Пуручистои ҷавонро он сон ба роҳи ҳақиқии зиндагӣ дар партави оин омӯзиш диҳам, ки дар баробари падару шавҳар ва барзгарону ҳама дигар мардуми вазифашинос ва хидматгузор бошад. Бошад, ки Худованд дар партави хидмат ба мардум беҳтарин подошҳоро ба ӯ арзонӣ дорад».
Зардушт — пешвои таълимоти ноби башарӣ буд, ӯ ба кулли ҷавонписарону духтарон муроҷиат намуда, таъкид менамояд, ки саҳлангорӣ ба масоили ташкили оила боиси нохушиҳои рӯзгор аст:
«Инак, эй духтарони шӯйкунанда ва эй ҷавононе, ки пайванди заношӯӣ мебандед, суханони маро хуб ба ёд биспоред. Аз рӯи меҳру фарзонагӣ ҳар яке аз шумо бояд бар он бошад, ки дар меҳрварзӣ ва дӯстиву покӣ ва порсоӣ бар дигаре пешӣ ҷӯяд, ки ин беҳтарин шеваи комгорӣ дар зиндагӣ хоҳад буд». Айни замон паёмбари ориёҳо бобати масъулияти волидон дар бобати ба шавҳар додани фарзандонашон дар ҳоти сеюм банди дувум мегӯяд: «Бо гӯшҳоятон беҳтарин суханро бишнавед, бо андешаи равшан дар онҳо бингаред, зану мард бояд худашон роҳи худро интихоб кунанд».
Дар даврони давлатдории юнониён ба русуми издивоҷу суннати эронии он арҷ мегузоштанд. Маълумот оид ба масоили мазкур дар аҳди Юнону Бохтарӣ кам аст. Аммо Сосониёну Сомониён, ки дар ин ҷода меросбари Ҳахоманишиён буданд, аҳдномаи издивоҷ дар коғазҳо сабт гашт.
Дар фарҳанги ориёӣ ташкили хонавода, барпо намудани оила ва тарбияи фарзандони солим аз олитарин вазифаи инсонист. Баробарии зану мард дар хонавода ва озодиву баробарҳуқуқии онон омили пойдории оилаи солим дониста мешавад: «Бо чеҳраи гирифта ва хашму андуҳнок пой бар хона манеҳ. Ҳангоме ки қадам ба хона мениҳӣ, ҳама ранҷҳову гирифторҳо ва нохушнудиҳоятро берун бигзор ва замоне, ки дар хона ҳастӣ, ҷуз хандаву шодмониву оромиш кори дигаре макун. Бикӯш, то пайваста бо дастони пур ба хона биёӣ. Хона аз дилангезтарин, беҳтарин манзилҳост, хуширо дар хонаи хеш биҷӯй, коре кун, ки фарзандонат бо ишқу ҳавас пой бар хона биниҳанд. Хонаатро покиза нигоҳ дор ва онро макони доимӣ ва гармии зиндагонӣ бидон. Доштани хонуми хуб, зояндаи андешаи хуб аст. Дастони занро бӯса зан, то бузургии пойгоҳи ӯро хоста бошӣ. Агар занеро бигирёнӣ, саранҷом рӯзгор гирёнат мекунад. Занро хор макун, то ба хорӣ наафтӣ. Дили занро машикан, то дилат шикаста нашавад. Бо зан пушт макун, то рӯзгор бо ту пушт накунад, обрӯи занро марез, то рӯзгор обрӯятро марезонад. Занро маёзор, то рӯзгор озорат надиҳад».
Аз нигоҳи дини мубини Зардушт кори аз ҳама арҷманду зебову наҷиб пайванди занушӯист: «Тантанаи ишқу муҳаббат аз нишотангезтарин лаҳзаи ҳаёт аст. Марде, ки ба зани худ меҳр меварзад, ба Худову зиндагӣ ва зебоӣ меҳр меварзад»,- гуфта шудааст дар Авесто.
Дар давраи Сосониён таълимоти авестоӣ оид ба ташкили оила такмил ёфт, ба ҳукми қонун даромад. Дар «Маҷмӯи ҳуқуқи Сосонӣ» чанд боб дар бораи ташкили оила, талоқу никоҳ ворид гаштанд, ки ҳадафи онҳо пойдории оила аст. Дар ин маврид низ никоҳ бо хешовандони наздик қотеъона манъ шудааст. Никоҳ танҳо замоне имконпазир буд, ки агар писару духтар якдигарро дӯст медоштанд.
Ҳангоми никоҳ дар ҳузури на камтар аз панҷ нафар созишнома бо имзои арӯсу домод ва шоҳидон ба тасвиб мерасад, ки ҳаққу ҳуқуқи оилавӣ ва пойдориву покизагии хонадонро ҳифз менамуд. Дар фарҳанги ориёӣ ташкили хонавода, барпо намудани оилаи солим ва тарбияи насли солим олитарин вазифаи инсон дониста мешавад.
Соҳиби «Равзаи хулд» Мавлоно Маҷдуддини Хофӣ мегӯяд, ки рӯзе дар шаҳри Язд вазъ мегуфтам ва дар ҳаққи падару модар сухан мерафт. Пире бархосту гирён шуд ва гуфт: – Мавлоно, чӣ мефармоӣ дар ҳаққи фарзанде, ки риши падар бигираду чӯб бар сари падар бизанад?
Гуфтам: – Аз падар чӣ омӯхтааст?
Гуфт: – Хар ба кироя додан.
Гуфтам: – Ҷурм (гуноҳ) аввал аз тарафи падар аст. Агар ӯро дар хурдӣ ба мактаб мефиристодӣ, то илму адаби шариат меомӯхт ва суҳбат бо солеҳон медошт, ба падар ин беҳурматӣ намекард ва таъзими падар воҷиб медошт. Аммо аз кӯдакӣ думи хар гирифтан одат карда буд ва чӯб задан хӯ карда. Лоҷарам ( ноилоҷ ) риши падар, ки гирифтааст, пиндоштааст, ки думи хар мегирад ва чӯбе, ки ба сари падар задааст, пиндоштааст, ки ба сари хар мезанад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар «Захират-ул-мулук» фармудааст: «Эй азиз, бидон, ки фарзанд амонати Ҳақ аст, назди модару падар ва мутолабашон ҳуқуқи ин амонат дар маҷмааи қиёмат хоҳад буд»… Ҳазрати Муҳаммад (с) дар хусуси масъул будани инсонҳо ҳадисе дорад: «Мард барои оилаи худ чӯпонест ва барои қавми худ масъулият дорад. Зан дар хона чӯпон (посбон) аст ва барои қавми худ масъулият дорад. Хидматгор ба молу сарвати хӯҷаини худ чӯпон аст ва барои қавми худ масъулият дорад. Пас ҳар кадоми шумо чӯпоне мебошед, барои қавми худ масъулият доред».
Қиссаи шаҷараи олими фақеҳи бузург Имоми Аъзам Абӯҳанифаро ба ёд меоварем. Султонвалад ҳини сафар дар рӯи оби рӯд себи шинокунандаро мебинад ва онро дошта, як газ мегираду ҳамоно дар андеша меафтад, ки ин себи кадом боғ аст, аз дасти кӣ ба об афтод, соҳиби он магар ризо ҳаст, ки ӯ себро истеъмол кунад? Ба хотири таҳқиқ лаб-лаби соҳил ба боғе расид, рӯд аз миёни боғи себ мегузашт. Боғбонро ёфт, аҳволро баён кард, роҳи ислоҳи гуноҳро ҷӯё шуд.
Боғбон гуфт, ки духтаре дорад шал, кӯр, гунгу кар, агар онро ба занӣ бигирад, аз гуноҳаш мегузарад. Султонвалад хуб андеша намуда, оқибат ба хотири рафъи гуноҳ ризо шуд. Баъдтар огаҳӣ ёфт, ки вазъ баръакс будааст. Духтар хеле зебо, сухангӯ, хушрафтору хушкирдор буд. Сабаб пурсид, боғбон гуфт. Барои сухан ногуфтанаш бо бегонагон ӯро гунг, барои ба ҷойи нохонда нарафтанаш ӯро шал, барои сухани ғайрро нашуниданаш ӯро кар сифат кардам. Ту, ки марди порсо будӣ, ба ин шарт розӣ шудӣ.
Ҳамин тавр, аз чунин оилаи порсо марди шуҳраи олам Имоми Аъзам ба дунё омад.
Оила ячейкаи аввалину асосии бунёди ҷомеа мебошад. Бачаҳои аз оилаҳои солим ба дунёомада бошарафанд, ҳуқуқи худро медонанд ва ҳуқуқи дигаронро риоя менамоянд. Чунин фарзандон мекӯшанд, ки онҳоро ба хотири истеъдоду ҳунари волои худашон дӯст доранд, на ба хотири волидонашон. Дар хонадони солим эҳсосоти таҳаммулпазир ҳукмфармост.
Дар аҳди Ислом низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хос доштанд. Тибқи таълимоти дини мубини Ислом як сабаби ҷудошавии оҷилӣ бо саросемагӣ хонадоршавии ҷавонон аст. Расули акрам (с.) ба яке аз асҳоб — Муғира ибн Шуъба, ки занеро ба никоҳ дароварданӣ буд, гуфт: «Ба ӯ бинигар ин лоиқтар аст, ба идома ёфтани муҳаббат дар миёни шумо?» («Мушкот-ул-масобеҳ»). Муҳамад Ғазолӣ мақсади бунёди оиларо аз ниёзмандии инсон ба дӯст, фараҳманд сохтани нафс, осоишу оромиши қалб медонанд.
Ба андешаи равоншинос Маҳмадуллоҳ Давлатов яке аз сабабҳои бекор гаштани аҳди никоҳ надоштани таҷрибаи кофии навхонадоршудагон аст. Ҳар кадоме шахсияти хешро дар мадди аввал мегузорад, кӯшиши дигар кардани якдигарро мекунанд, то ба волидонашон, дӯстонашон монанд созанд. Барои он ки оилаҳо вайрон нашаванд, равоншиносон сабру таҳаммулпазирӣ, донишмандии тарафҳоро асос меҳисобанд. Яъне, навхонадоронро зарур аст, ки камбудиҳои ночизро набинанд, якдигарро бубахшанд, ҳуқуқи якдигарро поймол накунанд. Муҳити тарбияи кӯдак бояд намунаи олии эҳтироми байниҳамдигарии волидон, калонсолон бошад. Сабаби дигари вайроншавии оилаҳои ҷавон вобастагии онҳо ба волидон аст, яъне оилаҳои ҷавон бояд то андозае мустақил бошанд.
Ҷазои ҷисмонӣ зани ҷавонро аз хона дилхунук мекунад, занони сустирода, бетаҳаммул гапи хонаро ба бозор мебаранд. Аз ҷанҷолҳои хурд низоъ ва хархашаҳои бузург мехезад.
Фарзандони волидоне, ки нисбати парвариши кӯдакон илму ҳунаромӯзии онҳо бемасъулиятанд, оқибат гиребони падар мегиранд. Ҷуброни бефаросатии волидайни чунин фарзандон бар дӯши ҷомеа меафтад. Ҳукумат ба ҷойи сохтани коргоҳҳои истеҳсолӣ, ворид намудани техникаву технологияи муосир, роҳҳо, сағирахона месозаду интернатҳои бепарасторон бунёд менамояд. Шаҳрвандон бошанд, дар қиболи ин волидайни бефаросат, фарзандони «муфтхӯр» хомӯшанд. Дар кишварҳои мутамаддин, пешрафта ин хел нест.
Сабаби дигари бе тарбия мондани наврасон ва ҷавонон бетарафии ҷомеа, муҳити зиндагӣ аст. Мисол меорам: Дар микроавтобус равонем. Ҷавоне паҳлуи мӯйсафеде нишастааст. Телефонаш занг зад. Ҷавон гӯё дар биёбон бошад, бо тамоми қувва дод мезаду касеро дашном медод. Мӯйсафеди паҳлуяш безобита гашту илтимос кард, ки пасттар гап занад. Ҷавон ба ҷойи узр аз китфи мӯйсафед хезонду ба ронанда хитоб кард: – Истед, ба ин муаллими нозуктабъ гап намефорад, ба ягон такси нишинаду роҳат карда равад!
Бовар мекунед, 10-12 нафар мусофирон гӯё саҳнаи телевизионӣ тамошо доштанд, пинакашон вайрон намешуд. Ман, ки дар кунҷ нишаста будам, гуфтам:
– Ҳой, бача, чаро худсарӣ мекунӣ, инсоф надорӣ магар? Охир пули таксиравӣ медошт, паҳлуи ту наменишаст. О, одами пир аст, сад иллат дорад, паст гап зан. Сар деҳ китфи ӯро!
– Аз дасти ҳамин галастукдорҳо дар ягон ҷой ҳол надорем, дилат сӯзад, ту пули таксиша деҳ! – чашм ало кард ҷавон.
– Гӯш кун, агар ҷавоне падари туро ҳамин хел таҳқир мекард, чӣ кор мекардӣ, ку гап зан?! – бонг зада, аз ҷой хестам.
Дами ҷавон, аз он ки ман сахтгирӣ кардам, ба дарун зад. Ҳозирин чун пештара хомӯш буданд, маълум, ки онҳо бадрафториву зиштгуфториҳои фарзандони хешро ҳамин хел таҳаммул мекунанд. Ман аз ҷавони бетаҷриба не, аз калонсолони бемасъулият хафа шудам.
Мардуми ориёнажод аз қадим ба миқдор не, ба сатҳу донишу малакаи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Аъёну ашроф ҷаҳд менамуданд, ки ду-се фарзанди бофутувват, хирадманд ва аз илмҳои ҳарб, варзиш ва одамият огаҳӣ дошта бошанд. Бас аст парвариши мардикорони беҳунари бозорҳои меҳнатии дохиливу хориҷи кишвар. Камбизоатӣ барои бепарвоии волидони серфарзанд баҳона набояд бошад. Зарур ва ногузир аст, ки онҳо минбаъд ба миқдор не, ба сифати насли хеш, суди онҳо ба ҷомеа бештар таваҷҷуҳ намоянд.
Садриддин ҲАСАНЗОДА, нависанда