Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва нақша -чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» дар ноҳияи Дӯстӣ 10 хонаи истиқоматӣ ба оилаҳои ниёзманду ятим тақдим шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд, хонаҳои истиқоматӣ бо харҷи 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ин мавзеъ бунгоҳи тиббӣ ва чойхонаи фароғатӣ низ сохта шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои ниёзманд тақдим намуд.
Номбурда ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, аз сокинон даъват ба амал овард, ки фарзандонро дар роҳи дуруст тарбия намуда, дар рушду пешрафти Ватан саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Сокинон низ аз ин иқдоми шоиста хушнуд гардида, миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»