Оинаи рӯзгори Ҳисор 90-сола шуд

№ 28.10.2024

Хисори ШодмонНавад сол пеш шумораи нахустини нашрияи ноҳия (ҳоло шаҳр)-и Ҳисор бо номи «Барои колхози болшевикӣ» зери таҳрири А. Алишеров аз чоп баромад.

Муҳтавои рӯзнома коллективонидани хоҷагии қишлоқ, озодии занон, маҳви бесаводӣ, инқилоби фарҳангӣ ва дигаргуниҳои калони иқтисодию иҷтимоии солҳои сиюмро дар бар мегирифт.

Тавре собиқадори матбуот Қурбонмурод Асоев нигоштааст: «Дар он солҳо интишори рӯзнома кори осон набуд. Таҷҳизоти табъу нашр намерасид. Лозим меомад, ки рӯзномаро дастӣ чоп намоянд. Илова бар ин, кадрҳои журналистӣ ҳам кам буданд. Мухбирони коргару деҳқон бошанд, вазъияти душвори ҷамъиятию сиёсиро ба назар гирифта, бо имзоҳои махфӣ мақола менавиштанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, рӯзнома вазифаи худро ба ҷо меовард ва меҳнаткашонро ба иҷрои вазифаҳои дарпешистода даъвату сафарбар менамуд».

Рӯзномаи мазкур баъдтар бо номҳои «Ҳақиқати Ҳисор», «Шуҳрати Ҳисор», «Байрақи ленинизм» ва «Ҳисори шодмон» нашр гардида, тӯли 90 сол ба дилу дидаи сокинони ноҳия маскан дошт. Тайи ин солҳо рӯзнома ба мактаби бузурги омодасозии кадрҳои соҳаи рӯзноманигорӣ табдил ёфт. То ин дам 8846 шумораи он ба дасти хонандагон расидааст.

Рӯзноманигорони маъруф Файзӣ Исматӣ, Улуғназар Аҳмадов, Алиҷон Мирзоев, Нарзӣ Одилов, Муҳаммад Аҳмадов, Аъзам Шарафов, Теша Раҷаб, Муъмин Муродов, Иззатулло Саидов, Фатҳулло Азизов ва Қурбонмурод Асоев дар ин рӯзнома ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият кардаанд.

Дар даврони шуравӣ рӯзномаҳои «Ҳисори шодмон» ва «Зарафшон» (шаҳри Панҷакент) аз ҷиҳати теъдоди нашр миёни рӯзномаҳои ноҳиявии  ҷумҳурӣ ҳамеша дар ҷои аввал буданд.

Қобили қайд аст, ки «Ҳисори шодмон» борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба инъикоси мавзуъҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, варзиш, тарғиби навигариҳои илм ва таҷрибаи пешқадам ғолиб омада, бо ҷоизаю ифтихорномаҳои Иттифоқи журналистон, комиссариати ҳарбӣ, Кумитаи ҷумҳуриявии ДОСААФ, кумитаи варзиши назди Шурои Вазирони ҷумҳурӣ ва ғайра сарфароз гардидааст.  Солҳои ҳашт-навадуми асри гузашта ҳайати эҷодии рӯзнома аз ҳисоби рӯзноманигорони хушсалиқа, ба монанди Музаффар Додобоев, Зиёда Каримова, Зубайдулло Шарифов, Тоҷиддин Пиров, Муҳаммадмурод Сайдалиев, Ятим Нозимов, Мушаррафа Зиёева, Мунира Муродова, Муҳаммадраҷаб Бердиёров ва дигарон хеле қавӣ гардид. Саҳифаҳои махсусу рубрикаҳои ҷолиби он, аз қабили «Нешханд», «Ҳифзи табиат — вазифаи аҳли ҷамъият», «Тарбияи маънавии инсон — талаби замон», «Шифо», «Пок дор аз ғубор оинаат», «Таърихи диёрро донем», «Мушоҳида ва мулоҳиза», «Фарзандони диёр» ва ғайра мақбули хонандагони сершумор гардида буд.

- Муаллифони мақолаҳо атрофи камбудиҳои дар корхонаю ташкилот, муассисаю хоҷагиҳо ҷойдошта ҷиддӣ мулоҳиза ронда, гунаҳкоронро зери тозиёнаи танқид мегирифтанду роҳи ҳалли мушкилиҳоро баён мекарданд, — мегӯяд Ф. Азизов.

Дарвоқеъ, бисёр рӯзноманигорони варзида санҷиши қаламкашонро маҳз аз «Ҳисори шодмон» оғоз кардаанд. Мӯсо Мавлавӣ, Суҳроби Зиё, Алиҷон Ҷӯраев, Акбари Саттор, Ҷовид Муқим, Ворис (Ӯрунбек Калонов), Насрулло Юсуфов, Ҳакималии Назаралӣ, Муҳаммадулло Табарӣ ва чанде дигарон аз мактаби рӯзномаи мазкур сабақ омӯхтаанд. Нахустин мақолаи ман низ соли 1983 дар ҳамин рӯзнома ба табъ расида буд.

Рӯзноманигори собиқадор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шодравон Собир Зокирзода зимни таҷлили 60-солагии рӯзномаи «Ҳисори шодмон» чунин навишта буданд: «Рӯзномаи «Ҳисори шодмон» дар тӯли мавҷудияташ як зумра қаламкашҳои хушсалиқаро тарбия карда, ба воя расонид. Шаст соли мавҷудияти рӯзнома солҳои муборизаву набарди ҳақиқӣ баҳри пойдору устувор намудани ҳаёти ҷомеа, танқиду ислоҳи камбудиву нуқсонҳо, ҳидоят кардани аҳли ҷомеа ба роҳи рост ва меҳнати ҳалол, фош сохтани хиёнаткорону қаллобону мусоҳилакорон, дар насли наврас парвардани ҳисси олии ватанпарастӣ, инсондӯстӣ, ахлоқи ҳамида, ҷавонмардиву олиҳимматӣ, рушду нумӯи фарҳангу адабиёт, маърифат, ҳифзи сиҳат ва бисёр соҳаву паҳлӯҳои зиндагӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки рӯзнома услуби ба худ хос дошта, мавқеи ҳақиқатнигоронаи худро аз даст надод».

Ҳоло дорандаи унвони фахрии Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонмурод Асоев сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳисори шодмон» аст. Соли 1992 вақте ӯро сармуҳаррир таъин намуданд, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Ба мушкилиҳои молиявию иқтисодӣ нигоҳ накарда нашрия сари вақт ба дасти хонандагон мерасид. «Ҳисори шодмон» мавқеи ҳукумати қонуниро пуштибонӣ карда, бо шиори «Якдил бишавему мулк обод кунем» сокинони ноҳияро ба муттаҳидӣ, ободкорӣ ва тарғиби сулҳу ваҳдат даъват менамуд.

Имрӯз низ «Ҳисори шодмон» бо кормандони аҳлу тифоқаш рисолати таърихиашро идома дода, дар пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Ҳисор, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию экологӣ ва тиббии сокинони он саҳми арзанда мегузорад.

Навадсолагии «Ҳисори шодмон»-ро ба аҳли эҷодии рӯзнома ва хонандагони сершумори он табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки муҳтавои нашрия минбаъд низ ҷолибу хонданибоб гашта, ба муштариён барои ободии диёр руҳу илҳоми тоза бахшида, умедашонро ба фардои боз ҳам дурахшон бештар мегардонад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»