Рӯзноманигори собиқадори ӯзбекзабони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муассис ва сардабири нашрияҳои «Устоз», «Ӯқувчилар газетаси» ва маҷаллаи «Хурдакак» («Кичкинтой») Сулаймон Эрматов дар 18-умин озмуни рӯзноманигорон таҳти унвони «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ»), ки дар Кохи «Ӯзбекистон»-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар номинатсияи «Беҳтарин матолиб дар бораи Ӯзбекистон миёни рӯзноманигорони хориҷӣ» сазовори ҷойи якум гардид.
Ҷойи дуюм ба хабарнигори ТАСС дар Ӯзбекистон Валерий Бирюков (Федератсияи Россия) ва муҳаррири нашрияи дипломатии «The Economic Times» Дипанҷан Рой Чоудҳурӣ (Ҳиндустон) дода шуд. Дар ин номинатсия Ҷеймс Дурсо, хабарнигори «The Hill» (ИМА) ва Галина Полонска, хабарнигори телевизиони «Euronews», (Франсия) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар озмуни мазкур соли равон зиёда аз 600 нафар рӯзноманигорон аз 41 кишвар ширкат варзида, 4000 матлаби эҷоднамудаашонро пешкаши ҳакамони озмун карданд.
Рӯзноманигори хушсалиқа Сулаймон Эрматов солҳои зиёдест, ки дар хусуси робитаҳои фарҳангию адабии мардуми тоҷику ӯзбек мақолаҳои ҷолибу хонданибоб менависад. Навиштаҳояш дар рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият» «Минбари халқ», «Омӯзгор, «Адабиёт ва санъат», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Халқ овози» ва «Муҳаббат ва оила» пайваста рӯйи чоп меоянд.
Аз ҷумла, «Дӯстии Мирзо Турсунзода бо шоира Зулфия», «Дӯстии Садриддин Айнӣ бо адибони ӯзбек», «Ғафур Ғулом ва адибони тоҷик», «Дӯстии ибратбахши ду пояи миллат» ва дигар мақолаҳояш миёни хонандагон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Маҷмӯи мақолаҳои дар мавзуи дӯстии ду халқи бародар навиштааш дар шакли китоби алоҳида бо номи «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо» дар нашриёти «Шарқи озод» ба табъ расидааст.
Сулаймон Эрматов, инчунин, муаллифи китобҳои «Сухан аз об бигӯ», «Одоби оиладорӣ», «Модарам, ҷон модарам», «Дунё ба кафи туст, эй зан», «Таманно», «Онагинам», «Садоқат гуллари», «Бешкент тароналари» ва як қатор китобҳои дарсӣ мебошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»