Олимпиада бахшида ба «Солҳои рушди саноат»

№21 (4917) 14.02.2025

Аз 15 феврал то 13 марти соли равон Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад.

Олимпиадаи мазкур бахшида ба «Солҳои рушди саноат» ва дар доираи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» доир хоҳад шуд.

Дар олимпиада хонандагони синфҳои 5-10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок меварзанд.

Хоҳишмандон метавонанд аз марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ва Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе маълумоти муфассал дастрас намоянд.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»