Агар дар бораи Гулмурод Тағоев пурсон шавед, аксарият мегӯянд, ки «намедонем кадом ҳунар ё сифаташро бигӯем. Инсони самимист, сифатҳои баланди ҷавонмардӣ дорад, варзишгар, низомӣ, санъаткор….».
Ман низ ӯро чунин мешиносам. Дар либоси низомӣ ҳам нигоҳи меҳрубононааш эҳсос мегардад. Аз наврасӣ ба гирду атроф бо назари ҷӯянда менигарист. Мехост ҳама чизро донад, бисёр мепурсид. Аввали солҳои 60 — уми асри гузашта таваҷҷуҳ ба варзиш зиёд гардида буд. Гулмурод ба Ҷамъияти варзишии «Динамо», бахши варзиши вазнин шомил гардид. Баъди хатми мактаби миёна бе дудилагӣ ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи омӯзгории Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М. И. Калинин супорид. Соли 1977 бо дипломи олӣ ба мактаби № 13-и шаҳри Душанбе, мактабе, ки худаш хатм карда буд, ба сифати омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ баргашт. Баъди чанд муддат ӯро барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват мекунанд. Гулмурод бо хушҳолӣ ба сафи Артиши Шӯравӣ пайваст ва тавре баъдтар ёдовар мешавад, ду соли хизмат барояш мактаби бузурги обутоби ҷисмонӣ ва дарки Ватану ватандорӣ гардид.
-Дар ҳайати қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Германия хизмат мекардам. Дур аз зодгоҳ ҳамеша ёди падару модар, ёру дӯстон ва диёри биҳиштосоям мекардам ва чунин ҳиссиёт маро ба шеърнависӣ водор кард. Дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистони азиз шеър навишта, гитор ба даст гирифта, зери лаб замзама мекардам,- ба ёд меорад Гулмурод.
Аввалин комёбиҳояш дар соҳаи варзиш ва шинохти истеъдоди сайқалёфтааш дар ҷодаи санъат ӯро дар байни ёру дӯстон шуҳратманд гардонд. Соли 1975 Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ шуд ва боз ба соҳаи низомӣ пайваст. Соли 1986 Фазлиддин Ғуломов сардори клуби ВКД РСС Тоҷикистон шуду Гулмуродро даъват намуд, ки ҳамроҳ барои таъсиси як гурӯҳи ҳунарӣ иқдом кунанд. Дар як муддати кӯтоҳ аввал дар ҳайати на чандон калон ансамбли тарона ва рақсро созмон дода, барои тақвияти гурӯҳ ва таъминот бо асбоби мусиқӣ ба ҳузури сардори шуъбаи сиёсии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Абдулло Ҳабибов (ҳоло генерал-майор) медароянд. А. Ҳабибов ин иқдоми ҷавонмардонро дастгирӣ мекунад ва бо мусоидати эшон пас аз як ҳафта ансамбл соҳиби асбобҳои мусиқӣ мегардад. Аввалин нафароне, ки ба ансамбл шомил шуданд, подполковник Донахон Нодирхонов, майор Манзаршо Муловосейнов, лейтенанти калон Маҳмадалӣ Қувватов, лейтенант Тӯра Маҳмадалиев, майор Муҳаммадрабӣ Давлатмаҳмадов, Абдулмаҷид Юсуфов, Камолхон Исмоилов, Мақсад Қурбонов, Сафаралӣ Эргашев, Раиса Содиқова ва Виктор Клановский буданд.
Тавассути чунин шахсони боистеъдод дар як муддати кӯтоҳ ансамбл шуҳрат пайдо кард, ягон чорабинӣ бе иштироки ин дастаи ҳунарӣ намегузашт. Баъди як соли фаъолияти ансамбл бо иқдоми Абдулло Ҳабибов дар толори маҷлисгоҳи ВКД фестивал–озмуни сурудҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ гузаронида шуд. Ансамбли тарона ва рақси вазорат ҷойи аввал ва ҷоизаи асосиро соҳиб гашт. Узви ансамбл Донахон Нодирхонов, ки истеъдоди хоса дошт, барои иштирок дар Фестивали умумииттифоқии эҷодиёти халқи шаҳри Москва роҳхат гирифт ва роҳбари ансамбл Гулмурод Тағоев бо Ифтихорномаи Иттифоқи бастакорони ИҶСШ сазовор гардид.
Соли 1987 дар назди ансамбли тарона ва рақс бо роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон Ҷамила Охунова гурӯҳи рақсии бачагона таъсис ёфт. Ба ин ансамбл фарзандони кормандони соҳа низ ҷалб шуда буданд.
- Фаъолияти ансамбл мунтазам густариш меёфт ва санъаткорони моро ба бисёр чорабиниҳои ҳукуматӣ даъват мекарданд. Дар натиҷа, борҳо бо санъаткорони шинохтаи кишвар Одина Ҳошимов, Мастона Эргашева, Бурҳон Мамадқулов, сарояндаи машҳури рус Александр Розенбаум якҷоя ҳунарнамоӣ кардем. Аз комёбиҳои ансамбли мо дар матбуот гузоришу мақолаҳо ба табъ мерасиданд. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки сохторҳои қудратӣ низ фалаҷ шуда буданд, ансамбл якчанд сол аз фаъолият бозмонд. Хушбахтона, соли 2002 ансамбл аз нав эҳё гардида, таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Умар Зиёев бо номи «Сипар» шуҳрати пешинаашро барқарор кард, — изҳор медорад ҳамсуҳбатам.
Гулмурод Тағоев дар бахши режиссураи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ таҳсил ва онро соли 1991 хатм намудааст.
Солҳои 90-уми асри гузашта Гулмуродро ба Вазорати мудофиаи кишвар ба кор даъват карданд. Чанд муддат дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул шуд. Муҳимтар аз ҳама, тавассути шабакаҳои телевизионӣ таронаҳои ҳарбӣ ва ватандӯстиаш мунтазам садо медиҳанд. «Писари Ватан»- и Низом Қосим, «Аскарони ҷонфидо»-и Ҳамдам Ҷӯра, «Иди Зафар» — и Боқӣ Раҳимзода, «Горди миллӣ»-и Сафар Аюбӣ, «Тоҷикистон»-и Камол Насрулло аз ҷумлаи чунин таронаҳоест, ки Гулмурод Тағоев ба онҳо оҳанг бастааст.
Соли 1999 ба Гулмурод Тағоев нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»-ро супурданд. Соли 2000-умро соли аз ҳама хотирмон медонад, зеро заҳматҳояш бо Ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ шуд. Ин мукофоти олиро ба ӯ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Ҳоло Гулмурод Тағоев ба ҳайси мудири шуъбаи фарҳанги муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур фаъолият дошта, беш аз 800 нафар наврасро ба маҳфилҳои донишандӯзӣ ва маърифатӣ ҷалб кардааст. Он рӯз дур нест, ки шогирдони наврасаш ба камол расида, аз истеъдоди баландашон дарак медиҳанд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»