Таҳти чунин унвон 4-уми октябри соли равон дар кохи «Суғдиён»-и маркази вилояти Суғд бо мақсади қадршиносӣ аз заҳмати омӯзгорон бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии идона баргузор гардид.
Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд, чорабиниро оғоз бахшида, номаи муборакбодии раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар чорабинӣ зиёда аз 40 нафар омӯзӯзгорони собиқадор аз туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят бархурдор гардиданд. Ҳамзамон, ба зиёда аз 140 нафар омӯзгорон ва фаъолон барои хизматҳои софдилона дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос нишону сипосномаҳои соҳавӣ супорида шуд.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»