Дар маркази шаҳраки «30-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Файзобод шуъбачаи Вазорати корҳои дохилӣ ва бозори «Истиқлолият» ҷойгир аст. Рӯзҳои якшанбе аз гӯшаю канори кишвар соҳибкорону тоҷирон ва деҳқонон маҳсулоташонро вориди бозори «Истиқлолият» мекунанд. Ба назорати тартиботи бозор нозири минтақавӣ Додарҷон Қурбонов вобаста карда шудааст.
Ӯ аз субҳ то интиҳои бозор назму тартиботро назорат мекунад.
Боре ба бозор омадам. Нохост байни ду ҷавон муноқиша ба амал омад. Сабаби ҷанҷолу кашмакаши онҳо қарз будааст.
Нозири минтақавӣ аз ин ҳолат хабардор шуда, дарҳол ба назди ҷавонон омада, бо маслиҳат ҷанҷолу задухӯрди онҳоро бартараф кард. Майори милитсия Додарҷон Қурбонов дар шаш соли фаъолияти кориаш дар шуъбачаи мазкур ба муқобили дуздону авбошон, ҳаннотону ғоратгарон ва фиребгарон доимо мубориза бурда, даҳҳо ҷинояти дуздию мардумфиребиро ошкор кардааст. Бино ба гуфтаи ӯ, бештар ноболиғон ҷиноят содир кардаанд. Ноболиғон асосан ба телефондуздию дуздии маҳсулоти хӯрока даст доштанд. Нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тибқи қонун, падару модарашон ба миқдори аз 1000 то 2000 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Яке аз сабабҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғон беназорат мондани онҳо аз ҷониби падару модарон аст. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандро дар рӯҳияи ҳалолкорӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ, хондани китоб ва рӯзномаю маҷаллаҳо ва ахлоқи ҳамида тарбия намоянд. Онҳоро аз дуздию авбошӣ, пайваст шудан ба ташкилотҳои ифротгароӣ, террористию экстремистӣ боздоранд ва фарзандонро ба ватандӯстию меҳнатдӯстӣ роҳнамоӣ кунанд. Ин нуктаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид шудааст. Аз ин рӯ, падару модар вазифадоранд, ки қонунро сармашқи фаъолият қарор диҳанд.
Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод