Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун захираи боэътимоди доимоамалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар иҷрои вазифаҳои худ баҳри таъмини амнияти давлат, сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ софдилона хизмат менамоянд.
-Воқеан ҳам дар давраи таърихи кӯтоҳу хеле пурихтилофи сиёсии солҳои 1992 — 2001 ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ба ивази фидокорию ҷонбозиҳо дар кори барқарор кардани сулҳу осудагии кишвар, ҳифзи дастовардҳои истиқлол саҳми арзандае доранд.
Алалхусус, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, торумор кардани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тавилдара, Ғарм, Ҷиргатол, минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат, пахши исёни зиддиҳукуматӣ дар водии Вахшу ноҳияҳои Шаҳритузу Қумсангир (соли 1997) ва берун кардани истилогарони беруна аз ҳудуди вилояти Суғд аз номгӯйи мухтасари корномаҳои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилист,- мегӯяд фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Муҳаммадзода Хуршед Изатулло.
Бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993 Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи хеле ноустувори ҷузъу томҳои аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ боқимонда созмон дода шуданд. Захираҳои ночиз, бар замми ин ихтилофҳои сиёсӣ, вазъи ноороми ҷамъиятӣ ташаккулёбии қӯшунҳоро боз ҳам душвор мекарданд. Пеш аз ҳама, ба ҳайати шахсӣ дар ин айём рӯҳияи ҷангӣ баҳри ҳар чӣ зудтар барқарор кардани сулҳу осудагӣ хос буд. Маҳз ҳамин эҳсоси қавии ватанпарварӣ буд, ки ҳайати шахсӣ дар баробари норасоиҳои зиёд, шароити мушкили хизмат бо иродаи қавӣ истодагарӣ карданд ва ниҳоят бо сарварии Президенти кишвар — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба барқарор кардани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат ноил гаштанд.
Ба хизматҳои воқеан ҳам фидокоронаи ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ баҳои баланд дода, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи Ҷашни 10- солагии Қӯшунҳои дохилӣ зикр карда буданд: «Мо боварии комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ минбаъд ҳам дар иҷрои вазифаҳои хеш барои таъмини амнияти давлат ва сулҳу оромӣ, зиндагии осоиштаи мардум ва тартиботи ҷамъиятӣ тамоми таҷрибаю дониши худро ба кор бурда, ба халқу Ватан содиқонаю софдилона хизмат мекунанд».
Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ, ки ба қисмҳои низомии доимоамалкунанда мансубанд, дар доираи ваколатҳои барояшон муайянкардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал менамоянд. Фаъолияти хизматии ҳамешагии онҳо, ки дар сатҳи омодабошии баланди ҷангӣ мегузарад, худ намунаи корнамоиҳою садоқат, ҳиссаи босазое дар роҳи ҳифзи осудагии мардуми кишвар мебошад.
Омӯзиши доимӣ, такмил додани таҷрибаю дониши касбӣ, сиёсӣ, машқҳои пайвастаи тактикӣ, ситодӣ ва командавӣ, ширкати фаъолонаи шабонарӯзӣ дар нигоҳбонии тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният ва тартибот дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, омодагӣ барои пешгирии ҳар гуна амалҳои тахрибкорӣ ҳамроҳи кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ номгӯйи мухтасари вазифаҳои ҳамарӯзаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ мебошад. Паси ҳар яки ин ибораҳо заҳмату кӯшишҳои садоқатмандонаи аскарону афсарон ниҳон аст.
Дар робита ба ин бо ифтихор номи полковник Маҳсиддин Абдуалимов- сардори хадамоти алоқа, подполковник Хушбахт Қосимов — сардори шуъбаи техникаи ҳарбӣ, прапоршик Тағойбек Саидов, капитан Гулбаҳор Алиева- сардори дорухонаи марказии Раёсат ва капитан Зебонисо Муҳиддинова — сардори котибот, командирони қисмҳои низомӣ -полковникҳо Некрӯз Тураев, Саидшо Камолов, Хуршед Акобиров ва дигаронро ба забон овардан мумкин аст. Маҳз кӯшишу талошҳои ин гуна афсарону сарбозон аст, ки ба нафъи халқу Ватан амалҳои неку муфиде пайваста анҷом дода мешавад.
Комёбиҳои ҳайати шахсиро дар омода кардану гузаронидани машқҳои дастаҷамъона, умумӣ, ситодӣ ва муштарак бо иштироки намояндагони ҷузъу томҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зикр намудан бамаврид аст. Хусусан дар доир намудани машқҳои «Сипари ҷанубӣ» (соли 2001), байналмилалии зиддитеррористии дараи Мағов (соли 2006), командавӣ -тактикӣ (солҳои 2010- 2013) маҳорати намояндагони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ сазовори баҳои баланди нозирони байналмилалӣ ва вазоратҳои қудратии кишвар гаштанд.
Дар фаъолияти ҳайати шахсӣ бисёр ташаббускориҳо, комёбиҳо ва хизмати содиқона мушоҳида мешавад. Зершуъбаи Сарситоди Қӯшунҳои дохилӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбии сарбозону афсарон машғулиятҳои пурсамари омӯзишӣ доир менамояд. Шуъбаи тайёрии ҷангии Раёсат кори худро мутобиқи тағйирот ва талаботи замони муосир ба роҳ мондааст.
Хизматчиёни соҳаи кадрӣ дар бобати тайёр кардану ҷобаҷогузории афсарони ҷавон ва ба таҳсил дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ ва донишкадаҳои ҳарбии ҷумҳурӣ ҷалб кардани онҳо корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Ба туфайли амали онҳо ҳар сол ба таҳсили омӯзишгоҳу донишкадаҳо, академияҳои хориҷӣ ва дохили кишвар 60- 70 нафар донишҷӯён аз ҳисоби сарбозон ва ҷавонони тоҷик ҷалб карда мешаванд.
-Комёбиҳои калонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарон- хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои мо ба даст меоранд, — иброз медорад полковник Муҳаммадзода Хуршед Изатулло. -Варзишгарони номдори ҷумҳурӣ Парвиз Собиров, Шералӣ Бозоров, Алишер Гулов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ, хусусан намудҳои гӯштӣ ва таэквондо дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Амрико, Олмон, Англия ширкат варзида, борҳо сазовори ҷойҳои аввал шуда, шаъну шарафи кишварро баланд бардоштаанд. Дастаи варзишии Қӯшунҳои дохилӣ чун ҷузъи таркибии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» дар солҳои охир комёбиҳоро паи ҳам афзун мегардонад.
Дар гӯштии юнонӣ- румӣ аскари қаторӣ Ҷамшед Бурҳонов, гӯштии миллӣ капитан Сӯҳроб Бозоров, лейтенант Шоҳрух Амирхонов дар вазнҳои худ ҷойҳои аввал ва унвони қаҳрамониро соҳиб гаштанд.Соли гузашта гӯштигирон П. Собиров, С. Бозоров ва капитан Х. Ҳукуматов дар мусобиқаи байналмилалии сохторҳои қудратии ҳашт кишвари ҷаҳон ширкат варзида, ҷойҳои аввал ва Х. Ҳукуматов ҷойи дуюмро ишғол намуданд.
Ҳамчунин дар мусобиқаҳои байналмилалии Осиё байни давлатҳои минтақаи уқёнуси Ором лейтенантҳо Алишер Гулов ва Хусрав Ғиёсов ҷойи якумро сазовор гаштанд. Дар ин самт кори хуби сардори Хадамоти тарбияи ҷисмонии Раёсат полковник Қудрат Абдуллоев ва командири ротаи варзишии Қӯшунҳои дохилӣ -чемпиони ҷаҳон, полковник Исроил Исмоиловро зикр кардан арзанда аст.
Пешрафту комёбиҳоро дар тамоми самтҳои фаъолият бе таъминоти ақибгоҳ тасаввур кардан мумкин нест. Аз болои фаъолияти Хадамоти таъминоти ақибгоҳ назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст, то ки сарчашмаҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, пурсамару мақсаднок истифода гарданд.
Ҳамчунин барои ғанию серғизо гардонидани дастархони сарбозон аз ҳисоби имкониятҳои хоҷагии ёрирасони Қӯшунҳои дохилӣ саъю кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода мешаванд. Акнун на танҳо сеяки маҳсулоти хӯрокаи сарбозонро дар маҷмӯъ хоҷагиҳои ёрирасон таъмин мекунанд, балки онҳо аз ҳисоби маблағҳои даромади худӣ барои ташаккули истеҳсолот саҳмгузор шудаанд. Соҳаҳои истеҳсолии хоҷагии ёрирасон бемайлон васеъ карда мешаванд. Ҳоло моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, мурғпарварӣ низ ривоҷу равнақ ёфта истодааст.
Бо кумаку дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро шароити хизмат, таъмини моддӣ- техникии кадрҳо дар Қӯшунҳои дохилӣ беҳтар мегардад. Моҳи августи соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қисми низомии Қӯшунҳои дохилӣ пас аз тармиму навсозии куллӣ ташриф оварда, бо афсарону сарбозон ҳамсуҳбат шуд. Пас аз навсозӣ шароити хизмат дар ин қисми низомӣ беҳтар шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин қисми низомӣ Қӯшунҳои дохилиро чун як шохаи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ, сипари боэътимоди давлату миллат, кафолати амнияту суботи кишвар номид.
Якдилона амал кардани аскарону афсарон, дастгирии ҳамешагии Сарвари давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ эътимод ба комёбиҳоро дар роҳи ҳифзи Ватан пайваста афзун мегардонад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»