Омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон баррасӣ шуд

№91 (3392) 06.07.2015

Санаи  30 июни соли 2015 иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум баргузор шуд.

Вакилон рӯзномаи иҷлосияро иборат аз даҳ масъала тасдиқ карданд. Дар бораи масъалаи аввал – «Оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат ҳисобот дод.

Таъкид шуд, ки масъалаи омодагии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, аз ҷониби роҳбарияти вилоят низ дар ин самт тадбирҳои лозима андешида мешаванд. Дар ин замина, қарори раиси вилояти Суғд низ қабул ва дар асоси он ситоди вилоятӣ ташкил ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудааст.

Тибқи нақша, дар самти таъмини муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бо захираи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишту ҳезум, шишабандӣ кардани биноҳо, таъминот бо хатти озоди барқ, захираи маводи зиддилағжиш, омода намудани техникаи зудамал ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати нигаҳдории роҳҳо,таъмири хонаҳои истиқоматӣ, беҳтар намудани фаъолияти дегхонаҳо ва ғайра як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда бошанд ҳам, ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд.

Дар иҷлосия сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ доир ба омодагии соҳаи маориф ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳисобот дод. Тибқи иттилои ӯ, муассисаҳои соҳа соли равон ба 9580 тонна ангишт ва 6736 метри мукааб ҳезум талабот дошта, нақшаи захираи ангишт ва ҳезум то санаи 25-уми июн мутаносибан 42,6 ва 37,1 фоиз иҷро шудааст. Шурӯъ аз мавсими гузашта бо дастури роҳбарияти вилоят таъмини доимии муассисаҳои маориф бо  системаи ягонаи хурди гармидиҳӣ оғоз гардид ва то имрӯз 88 муассисаи таълимӣ ба ин система пайвастаанд.

Бино ба  гузориши сардори Раёсати тандурустии вилоят Салом Ваҳобов, талаботи муассисаҳои соҳа соли равон 2819 тонна ангишт ва 1400 метри мукааб ҳезумро ташкил медиҳад. Дар вилоят 61 муассисаи таъмирталаби соҳаи тандурустӣ мавҷуданд ки аз он 21 ададашон ба таъмир фаро гирифта шудаанд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз рафти таъмири иншооти маорифу тандурустӣ ва таъмини онҳо бо хатти озоди барқ изҳори нигаронӣ намуд, зеро то санаи 25 –уми июн дар баъзе шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Истиқлол, Айнӣ, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Ҷаббор Расулов ин кор ҳанӯз оғоз наёфта, муассисаҳои тандурустӣ ҳамагӣ 80 фоиз бо хатти озоди барқ таъмин мебошанд.

Дар иҷлосия ваколати се нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят – Раҷаббой Аҳмадзода, Ислом Зиёзода ва Раҳмон Шораҳматов, ки 27-уми марти соли равон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, пеш аз муҳлат қатъ ва ба ҷои вакилони хориҷшуда сиюми августи соли равон интихобот таъин карда шуд.

Ҳамзамон вакилони халқ ҳайатҳои комиссияи интихоботӣ ва комиссияи номгузории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тасдиқ намуданд.

Пас аз шунидани хулосаи комиссияи номгузорӣ дар асоси дастури Сарвари давлат ҷиҳати ба меъёрҳои забони давлатӣ мутобиқ намудани номи баъзе шаҳру ноҳияҳо пешниҳоди ба шаҳри Қайроққум гузоштани номи Ориёканд, ба шаҳри Чкалов гузоштани номи Шоҳканд ва ба Ҷамоати шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен гузоштани номи Навкат дастгирӣ карда шуд.

Ҳамчунин дархости маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳии вилоят оид ба ба як қатор иншооти соҳаҳои маорифу фарҳанг дар шаҳру навоҳии Ғончию Исфара ва Панҷакенту Чкалов гузоштани номи шахсиятҳои шинохта ва хизматнишондода аз ҷониби вакилони иҷлосия дастгирӣ  ёфт.

А. Салимзода, «Садои мардум»