Ҳаёти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саросар панд асту ҳикмат. Зеро онҳо мудҳиштарин ҷанг дар таърихи инсониятро дида, уқубат кашидаанд, то Ватан дар амон бошад. Барои онҳо, ки ҳифзи хоки Ватан ва муқобилат бо душманони он вазифаи ҷонӣ маҳсуб меёфт, баробари ҳуҷуми фашизм ба давлати паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ, бо сари баланд ба ҷанг рафтанд. Хеле аз онҳо дар майдонҳои хуношом ба шаҳодат расиданд. Аксар иштирокчиёни ҷанг на як бору ду бор маҷруҳ шуда, моҳҳо дар бистари беморӣ хобиданд. Вале, баробари сиҳат ёфтану ба пояшон мадор ҳис кардан, боз азми рафтан ба майдони муборизаро намуданд.
Яке аз он мардони сарсупурдаи корзори ҷангу меҳнат Тилло Зоиров аст, ки соли 1942, баробари дигар намояндагони Тоҷикистон, ба фронт рафт. Аввал дар ҳайати наваскарон чанд муддат ба омӯзиши низомӣ фаро гирифта шуда, истифодаи силоҳ ва усули гуногуни ҷанги тан ба танро ёд гирифт. Сипас, дар ҳайати баталёни сеюми бригадаи 21 — уми тирандози гвардияи механиконидашуда ба майдони ҷанг ворид шуд. Дар муҳорибаҳо маҳорати хуби ҷангӣ нишон дода, бо ҳайати ҳамроҳон борҳо лашкари душманро торумор карданд. Хусусан, соли 1944, ҳангоми убури дарёи Днепр, дар вилояти Станиславский, воқеъ дар қисмати ғарбии Украина, матонати ҷанговари далери тоҷик ба ҳама маълум гардид. Дар соҳили рӯди калон якбора гурӯҳи сарбозони фашист ба ҷанговарони шӯравӣ, ки сержант Тилло Зоиров ба онҳо роҳбарӣ мекард, ҳамла оварданд. Қумандон аз ҳуҷуми ногаҳонии душман наҳаросида, ба тобеон фармон дод, ки ба мудофиа гузаранд. Вазъият ба дараҷае расид, ки ба ҷанги тан ба тан гузашта, ҷанговарони шӯравӣ бо талафоти кам пирӯзӣ ба даст оварданд. Бахусус, сержант Тилло Зоиров чанд сарбози фашистро аз пой афтонда, чандеро асир ҳам гирифт. Пас аз он задухӯрд, Тилло Зоиров бо медали «Барои шуҷоат» мушарраф гардонида шуд.
Чун фашистон мағлуб гардонида шуданд, Тилло Зоиров монанди дигар ҳамяроқон сарбаландона ба диёр баргашт. Он замон пеши бари ӯро ордени «Барои шуҷоат», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва дигар мукофотҳои баланди ҷангӣ зинат медоданд.
Азбаски Тилло Зоиров табиатан инсони меҳнатдӯст буд, баъд аз ғалаба фаъолиятро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ идома дод. Бино ба маълумоти пайвандонаш, солҳои 1950 аввал дар колхози Гулистони деҳоти «Қарасу» ба сифати колхозчӣ, ҳисобчии бригадаи пахтакорӣ ва сипас, яъне, то охири солҳои 70-уми асри XX ба ҳайси ронанда фаъолият намудааст.
Ӯ аз ҷумлаи он фарзандони ватандӯсти кишвар буд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳам ба муқобили бадхоҳу дасисабозон ва гурӯҳҳои алоҳидае, ки душмани сохти конститутсионӣ будаву сулҳу оромиро чашми дидан надоштанд, рӯирост овоз баланд мекард. Ӯ мавқеашро нисбат ба фарзандони Ватан баён медошт, бахусус, нисбат ба онҳое, ки мили силоҳро ба сӯи якдигар гардонида буданду хуни бародар мерехтанд. Ӯ, ки азоби ҷангро дида, талхии он даҳшати фоҷиаро чашида буд, наметавонист ба фарзандони Ватан, ки даст ба бетартибӣ мезаданду хонаҳои ободро хароб мекарданд, овоз баланд накунад.
Саҳми Тилло Зоировро дар ободии зодгоҳаш – деҳаи Фахробод баланд арзёбӣ карда, ӯро қаҳрамони ду арса низ ном мебаранд. Зеро дар оила ва тарбияи фарзандон ҳам муваффақ буда, ҷигарбандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи он, пос доштани муқаддасоти давлату миллат тарбия намудааст.
Табиист, ки Ватан фарзандонашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, номи онҳо, хизмату ҷонфидоии онҳоро то абад нигоҳ медорад. Зеро барои пойдорӣ, ҳифзи осоишу амнияти он сина сипар карданд. Аммо наслҳои баъдиро, ки ҳоло он ҷанги шум ва серталафотро чун афсона аз саҳифаи китобҳои таърих мехонанд, зарур аст, ҳар лаҳза ба қадри хоки поки Ватан бирасанд, нагузоранд, ки душман ғафлати онҳоро фурсат шуморад.
Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»