Қонун мардумро ба сарфакорӣ ҳидоят намуд

№89 (3569) 12.07.2016

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои сокинони кишвар шароити мусоиди баргузории маъракаҳои гуногунро  фароҳам оварда, ба буҷети оила ва вазъи иқтисодии аҳолӣ  таъсири мусбат расонид.

Дар Ҷамоати деҳоти «Қалъанак»-и ноҳияи Рашт ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати ҷиддӣ медиҳанд. Сокинони деҳот зарурати қонунро дарк карданд ва имрӯз сарҷамъона пайи он талош мекунанд, ки нафаре аз меъёри муқаррарнамудаи қонун берун амал накунад.

Мавриди зикр аст, ки ба ин васила баргузории тӯйҳои хайриявӣ ва дастаҷамъона вусъат ёфта, дар арафаи  идҳо аз ҷониби саховатмандон  ба шахсони камбизоат ва фарзандони оилаҳои ятиму бепарастор кумак расонида мешавад. Дар баробари ин, аз тарафи сокинони саховатпеша ба мактаб — интернатҳо, қисмҳои низомӣ ва беморхона пайваста маҳсулоти ғизоӣ дастрас мешавад.

Дар ин самт саъю талоши сармутахассис оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашни маросимҳои миллӣ Сайд­иҳсон Ҷалолов калон аст. Номбурда шахси масъулиятшинос аст ва дар ҷамъомадҳо ба дигарон тавсия медиҳад, ки таҷрибаи ӯро барои беҳтар шудани коргузориашон истифода баранд. Дар назди ҷамоат комиссияи доимӣ дар ҳайати 12 нафар фаъолият менамояд, ки пеш аз ҳама, ба усулҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ такя  карда, дар чойхона- фароғатгоҳҳо, масҷидҳои панҷвақта ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ  мулоқот мегузаронанд.

- Аввалҳо ба низом овардани кор дар ин самт мушкил буд, — гуфт дар суҳбат Сайдиҳсон Ҷалолов. — Мардум ба сарфу хароҷоти беҳуда одат карда буданд. Бо мурури вақт тавонис­тем муҳтавои қонунро ба онҳо фаҳмонем. Агар солҳои аввал шумораи вайронкунандагони қонун 15-20 нафар бошад, соли 2015 ҳамагӣ як нафар аз иҷрои қонун саркашӣ кард ва дар доираи муқаррароти қонун муҷозот шуд. Мардум аз он изҳори хурсандӣ мекунанд, ки қонуни мазкур онҳоро ба сарфакорӣ ҳидоят намуд.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»