Нигаронӣ

Қонун раҳнамост

№7 (4427) 06.01.2022

Аммо чаро хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ одоби муоширатро риоя намекунанд?

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз даҳ сол сипарӣ гардида бошад ҳам, то ҳол дар иҷрои он камбудиву норасоиҳо ба мушоҳида мерасад. Аммо бисёре аз масъулони соҳа барои пешгирии қонуншиканиҳо бепарвоӣ ва хомӯширо авло медонанд.

Татбиқи қонуни зикршуда, барои хушахлоқу намунавӣ ба камол расонидани насли наврас имкон фароҳам оварда, онҳоро ба роҳи дуруст сафарбар мекунад. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои замонавӣ бештар ҷалб гардида, сатҳи таълиму тарбия баланд ва ҳамкории волидайн бо муассисаҳои таълимӣ таҳким ёбад. Ҳамкории мактаб, ҷомеа ва оила метавонад барои тарбияи дурусти ҷавонону наврасон муҳити созгор фароҳам оварда, насли ояндасозро ба воя расонад ва дар ин бобат нақши оила, махсусан, бузург аст.

Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи дуруст таълиму тарбия ёфтани насли наврас тадбирҳои зиёд меандешад. Вале дар татбиқи қонун камбудиҳои зиёд ба назар расида, барои бартараф сохтани онҳо масъулон кӯшиш намекунанд. Дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия дуруст зери назорат набуда, ҳамкорӣ бо падару модари хонандагон ҷиддӣ ба роҳ монда нашудааст. Чунин аст, ки бархе аз ҷавонону наврасон одоби муоширатро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя накарда, суханҳои қабеҳ зиёд ба забон оварда, ба дағалӣ роҳ медиҳанд. Масалан, вақте ки дохили нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ мешавед, мушоҳида мекунед, ки ҷавонону наврасони синни мактабӣ ва ҳатто донишҷӯёни муассисаҳои олии пойтахт бо овози баланд суҳбат ва хандаҳои бемаврид мекунанд. Баъзеашон дар курсиҳои дохили нақлиёт баҳузур мешинанду калонсолон наздашон рост меистанд. Костагии ахлоқи ҷавононро дар кӯчаву роҳравҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва бозору нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳам баръало мушоҳида мекунем.

Инчунин, иддае аз хонандагон дар рӯзҳои дарсӣ ба мактаб нарафта, ба савдои кӯчагӣ ё дар нақлиёти мусофирбар ба пулчинӣ машғул мешаванд. Чунин ҳолатро дар бозорҳои «Деҳқон», «Саховат», «Корвон»-и шаҳри Душанбе, бозори марказии шаҳри Ваҳдат, бозори «Ганҷ»-и ноҳияи Рӯдакӣ мушоҳида кардем. Вақте ки аз онҳо дар кадом мактаб таҳсил карданашонро пурсидем, ҷавоб нагуфтанд ё дар бас­ти дуюм ба дарс рафтанро баҳона карданд. Баъзеи дигар сабаби ба мактаб нарафтанашонро ба он алоқаманд намуданд, ки дар хонаашон касе кор намекунад ва барои дарёфти нон ба савдо машғуланд. Иддае аз кӯдакони синни мактабӣ таваққуфгоҳҳоро ба ҷои кор табдил дода, мусофиронро ба нақлиёти нав­батгирифта даъват мекунанд. Баъзе аз ронандагон онҳоро пуштибонӣ карда, мегӯянд, ки наврас ё ҷавон писараш ё ҷиянаш мебошад ва ба ӯ ёрӣ мерасонад. Албатта, ба ин амали ронандагон ва хонандагони дарсгурез масъулони ниҳодҳои назоратии соҳа айбдоранд. Агар онҳо хизматрасонии нақлиёти мусофирбарии хатсайрҳоро назорати ҷиддӣ мекарданд, он гоҳ хонандагони синни мактабӣ ба ин кор ҷалб намешуданд.

Агар муассисаҳои таълимӣ ҳамкориро бо падару модарон ҷиддӣ ба роҳ монда, волидайн фарзандонро зери назорат қарор диҳанд, онҳо ҳеҷ гоҳ аз мактаб берун намемонанду таълиму тарбияашон низ коста намегардад. Бинобар ин, масъулини муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки иштироки фаъолонаи хонандагонро дар дарсҳо зери назорат гирифта, ҳамкориро бо падару модарон зич намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид мекунанд, ки поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва риояи одоби муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар инсони худшинос маҳсуб меёбад.

Ҳар як падару модар фаромӯш набояд созад, ки асоси таълиму тарбияи фарзанд оила аст. Аз ин рӯ, онҳоро зарур аст, ки ба маданият, одобу ахлоқ, хоса суханронӣ ва муоширати фарзандонашон дар миёни мардум ва ҷойҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Омӯзгорон низ дар ҷараёни таълиму тарбия бояд маданияти суханрониро ба шогирдон омӯзанд. Имкониятҳои фароҳамовардаи донишандӯзӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар барои насли нав­рас солҳои охир бесобиқа буда, масъулияти омӯзгоронро барои тарбияи шахсони баркамоли ҷомеа бештар менамояд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»