Баъзе субъектҳои хоҷагидор аз фаъолияти соҳибкорӣ, ки даромади зиёди молиявӣ мегиранд, бо ҳар восита бо мақсади кам пардохт намудани андоз даромади худро рӯйпӯш мекунанд.
Зимни гузаронидани санҷиши молиявии хоҷагидорӣ ва риояи қонунгузории андоз дар фаъолияти ҶДММ «Сад дарё» дар давраи солҳои 2011-2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонуншиканиҳо ошкор карда шуд.
Кормандони Агентӣ ба директори ҶДММ «Сад дарё» — шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой ва тарҷумонаш — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмониданд, ки барои рӯйпуш намудани қонуншиканиҳо, ба монанди ҷой доштани изофанависӣ дар арзиш ва ҳаҷми корҳои иҷрошуда, тасарруфи маблағҳои пулӣ ба миқдори калон ва ғайра ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Аммо директори корхонаи номбурда ба ҷойи ислоҳи камбудиҳо барои рӯйпӯш намудани қонуншиканиҳое, ки ҳангоми санҷиш ошкор кардаанд, маблағи 3000000 (се миллион) сомониро ба сифати пора ба корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ директори ҶДММ «Сад дарё» бо тарҷумонаш зимни додани пора дастгир мешаванд. Дар ин робита нисбат ба директори ҶДММ «Сад дарё» — шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 320 қисми 2 (суииқасди додани пора ба шахси мансабдор барои анҷом додани ҳаракати ғайриқонунӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба тарҷумонаш бо моддаи 347 қисми 2 (хабар надодан оид ба ҷинояти вазнини содиршудаистода)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ҳоло тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар ин хусус аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»