Ораш Алоӣ: «COVID-19 вабо нест!»

№147 (4253) 08.12.2020

DSC019055Номи олим ва пизишки эронитабори ИМА, барандаи чор ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиш дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ ба бисёре аз сокинони кишвар ошност. 5 майи соли равон, дар давроне, ки аз ноогаҳӣ, иттилои нодуруст ва баъзан воҳимапароканиву ҳангомасозӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 мардуми кишвари моро низ тарсу ҳарос фаро гирифта, ҷомеа дар ҳолати карахтӣ қарор дошт, суҳбати тахассусии ӯ аз тариқи онлайн дар барномаи «Робита»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Ҷаҳоннамо» дар бораи шинохти коронавирус, роҳҳои пешгирии паҳншавии он, ки пасон дар аксар воситаҳои ахбори омма нашр гардид, вазъро то андозае дигаргун сохт. Дар ҷомеа осудагиро то андозае барқарор намуда, ба дилҳои аксар беморон умед бахшид ва сабабгори сиҳатёбии бархе аз онҳо гардид.

Тибқи гуфтаҳои Ораш Алоӣ, 85 фоизи гирифторони COVID-19 ба табобат ниёз надоранд. Бо вуҷуди ин, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки хеле одӣ ва ­дастрасанд, барои ҳама ҳатмист. Танҳо дар ҳамин ҳолат шиддати беморӣ хеле поён хоҳад рафт. Ӯ ба мардум расонидани иттилои дурусту дақиқ, санҷида сухан гуфтан ва роҳ надодан ба воҳимаангезиву ҳангомасозиро дар матбуоти даврӣ яке аз омилҳои хеле муассири пешгирии паҳншавии COVID-19 арзёбӣ намуд.

Чандест, ки вай дар кишвар меҳмон аст ва бо ибтикори Академияи ­ВАО-и Тоҷикистон 24 ноябри соли равон доир ба паҳлуҳои гуногуни инъикоси ­масъалаҳои марбут ба пешгирии бемории COVID-19 барои рӯзноманигорон суҳбат гузаронд.

Ораш Алоӣ дар ибтидо аз ҳозирин иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ — бастани ниқоб, тамиз намудани дастон бо маҳлули зиддиуфунӣ ва риояи фосиларо талаб намуд. Пасон, дар бораи хусусиятҳои коронавирус сухан ронда, аз ҷумла, таъкид намуд, ки он вабо нест, танҳо навъе аз вирус аст. Инсоният бо он ошно буда, борҳо паси сар намудааст. Соли 2002 коронавирус бо номи «SARS», ки аз ҳайвонот ба одам гузашт, тағйири шакл намуд. Намуди дуюм соли 2012 пайдо шуда, номи «MERS»-ро дошт ва COVID-19 намуди сеюми он аст, ки аз «SARS» ва «MERS» тафовути зиёд надорад ва манбаи пайдошавиаш мисли коронавирусҳои аввал кӯршапарак аст. Эҳтимол, ин беморӣ низ сабуку ноаён мегузашт, агар вақти муаррифии он ба воҳимаву тарспароканӣ роҳ дода намешуд. То ҳол асосан тарсу таҳлука боиси ҳалокат мегардад.

- Ҳоло вазъ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои атроф беҳтар аст. Шумораи беморон ва гирифторшавӣ ба он зиёд нест ва тарсу таҳлука низ ба назар намерасад, — изҳор намуд. О. Алоӣ. — Вале агар қоидаҳои беҳдош­тӣ дар фасли сармо риоя нашаванд, эҳтимол аст, ки баъзе аз мушкилиҳо ба вуҷуд оянд.

Вай ҷиҳати пешгирии паҳншавии беморӣ таъкид намуд, ки нахуст бояд аз истеъмоли антибиотикҳо даст кашид.

- Ҳар антибиотик махсус барои ягон вирус сохта шудааст. COVID-19 антибиотик надорад, — мегӯяд ӯ. — Агар якҷо бо коронавирус бемории музмини дигар надоред, пас, аз истеъмоли ҳар гуна доруҳо низ даст кашидан лозим аст. Камтар сӯзандору гузаронед. Аз ҳавои сард натарсед, ҳамеша ҳавои хонаатонро тоза кунед. Дар ҷойҳои серодам нагардед. Ниқобҳои истифодашуда ва ашёи дигари олудаи коронавирусро муддате дар оби ҳарораташ болотар аз 60 С0 дараҷа нигоҳ доред. Ҳар рӯз асал, лимӯ, қурут ва чакка истеъмол намуда, масунияти баданро тақвият бахшед, зеро доруи асосии зидди коронавирус масунияти қавист.

Дар хотима имкон ёфтем, ки бо ӯ суҳбат ороем, ки мухтасари он пешкаш мегардад:

- Ҷаноби духтур, кишвари мо аз шумо, барои маслиҳатҳоятон аз тариқи ВАО оид ба коронавирус, ки дар вазъияти хеле душвор барояшон дастрас гардид, сипосгузоранд.

- Раҳмат. Лутфатон зиёд аст ва миннатпазирам аз шумо.

- Хоҳишмандам бигӯед, ки шиносоии шумо бо кишвари мо кай ва чӣ гуна сурат гирифт?

- Ман бори аввал соли 2003 бо даъвати сарвари Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО Сайфиддин Каримов ва вазири вақти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доктор Салимзода ба Тоҷикистон омада будам, то бубинам вазъияти паҳншавии Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ) ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ-СПИД) дар кишвар чӣ тавр аст. Декабри соли 2016 бори дуюм маро ба Тоҷикистон даъват карданд ва вақте вориди он шудам, хеле пешрафт карда буд. Баъдан, барномаҳои пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ-ро дида, хеле хурсанд шудам ва ин ҳама боис шуд, ки ман ба Тоҷикис­тон дил бандам. Баъдан, се бор ба кишвари шумо омадаам. Як сол пеш аз ин ҳам барои омӯзиши духтурони алоқаманди коронавирус омада будам.

- Бо матбуоти Тоҷикис­тон ошноӣ доред?

- Хатти сириликро мехонам, мутаассифона, он қадр зиёд не.

- Шиносоиатон бо аҳли илму адаб чӣ гуна аст?

- Аҳли илму фарҳанги Тоҷикистонро ман бисёр эҳтиром мегузорам. Ҳунармандон, ҳофизҳо ва шоирҳои шуморо бисёр дӯст медорам. Шояд боваратон наояд, замоне ки дар Амрико ­ҳастам, оҳанг ва шеърҳои тоҷикиро гуш мекунаму мехонам ва ба дӯстонам низ медиҳам.

- Айни ҳол бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикис­тон дар кадом самт ҳамкорӣ доред ва минбаъд робитаҳо чӣ гуна хоҳанд буд?

- Ман хеле ифтихор дорам, ки чанде пеш дар хидмати вазири тандурустӣ будам ва суҳбатамон хуб буд. Ӯ маро дастгирӣ кард ва иҷозат дод, ки ҳамкориҳо давом кунад. Ман аз ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷик ҳам ҳаловати илмӣ мебарам ва ҳам ҳаловати фарҳангӣ. Зеро дар Тоҷикистон мардум, фарҳанг ва забон монанди Эронзамин аст. Илова бар ин, мо бо духтурҳо шиносем. Бо масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муносибати хуб дорем ва умед мебандем, ки ин давом дошта бошад. Ин ҷо будан барои ман ҳам кор аст, ҳам истироҳат.

- Аҳли башар аз COVID-19 кай эмин хоҳанд буд?

- Пас аз як соли дигар беморӣ аз байн хоҳад рафт, агар ба иштибоҳҳои дигар роҳ надиҳем, ба ҳангомаҳо бовар накунем ва тавсияҳои беҳдош­тиро риоя намоем.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»