Ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт

№42 (3679) 20.04.2017

Муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Азиз Муъминзода аз зумраи шахсиятҳои бонуфузи ноҳия ба ҳисоб меравад, ки умри бобаракати хешро сарфи тарбияи насли наврас кардааст. 

Зимни суҳбат ӯ перомуни нақши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон чунин изҳори андеша намуд:

- Ҳар як рӯйдоди таърихӣ, хоҳ хурсандибахшу сарнавиштсоз бошад, хоҳ ҳузнангезу такдиршикан ба ҳукми таърих ҳавола мешавад. Хушбахтона, 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Инак, 20 сол мешавад, ки ин рӯзи бофайзу баракат ва фирӯзу нусратбахш ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад. Бегуфтугӯ, Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон ва мардуми он дастоварди пурарзишу муқаддас аст.

Саҳми Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки поягузораш Қаҳрамони Тоҷикис­тон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар сарҷамъ сохтани мардум, истиқрори сулҳ дар кишвар ва рӯ ба ободиву шукуфоӣ овардани Ватанамон хеле калон аст.

Ин созмон дар соли аввали таъсисёбӣ дар ноҳия 41 ташкилоти ибтидоӣ ва 8894 аъзо дошт. Ҳоло шумораи ташкилотҳои ибтидоиро ба 92 ва теъдоди умумии аъзоро ба 18502 нафар расонидем. Ин қувваи бузург аст ва ба тавассути он мо дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешида истодаем.

Истиқлолияти ҷумҳурӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон боиси ривоҷу равнақи корҳои созандагиву бунёдкорӣ гардид. Имрӯз дар фазои осоишу сулҳи побарҷои кишвар корҳое сурат гирифта истодаанд, ки дар замони шӯравӣ амалӣ шуданашон ғайриимкон арзёбӣ мешуданд. Дар ноҳияи Деваштич низ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин муддат корҳои зиёде дар самти ободкориву созандагӣ сурат гирифтанд. Ба истифода супоридани шуъбаҳо дар беморхонаи марказӣ, беморхонаи Калининобод, қасри фарҳанг, толори варзишӣ, таъмиру таҷдиди биноҳои шуъбаи маориф, нозироти андоз, суди ноҳия, сохтмони даҳҳо мактабу синфхонаи нав аз ҳамин қабил мебошанд. Бо усули ҳашар дар шаҳраки ­Ғончӣ ва деҳаҳои Ғазантарак, Зароб, Ростровут, Истиқлол, Офтобрӯ,  Меҳробод, Метк, Қалъаи Мирзобой, Обиборик, Басманда, Далёни Боло, Қалъачаи Арбоб, Далёни Поён, Муҷун ва Сурхобча биноҳои нави мактаб сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 2006-2016 дар ноҳия 8 мактаби замонавӣ дари худро ба рӯи толибилмон боз намуданд. Бо шарофати сафарҳои кории Президенти кишвар ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба вилояти Суғд ­сохтмони 2 мактаби нотамоми аз замони шӯравӣ боқимонда анҷом ёфта, 4 мактаби нав сохта шуд. Пешравиҳо дар соҳаи кишоварзӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғайра низ назаррас аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода бурдани заминро таъкид мекунанд. Деваштич асосан ноҳияи кишоварзист. Мардуми он меҳнаткаш ва қадршинос аст. Ҳар як Паёми Сарвари давлат дастуру роҳнамои кору зиндагии онҳост.

Тибқи ин дастуру супоришҳо барои дар оянда бо оби нӯшокию полезӣ таъмин намудани ноҳияи Деваштич Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тадбирҳои ҷиддӣ андешида истодаанд. Кашидани хатти оби Даҳкатсой ба маркази ноҳия ва заминҳои лабташнаи деҳоти «Муҷун», Яхтан, «Ғазантарак», шаҳраки Ғончӣ далели ин гуфтаҳост.

Ин дастовардҳо аз файзи Истиқлолияти давлатӣ ва  Ваҳдати миллист, ки меъмори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар бобати аҳамияти иттифоқу иттиҳод ва ваҳдату якдилии мардум мефармояд:

Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,

Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт.

Имрӯз ҳар як фарди кишвар ифтихор дорад, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию иттифоқ таъмин гардидааст. Акнун моро зарур аст, ки ин неъмати Худододро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»