Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Далер Мерганов – «Оригинал» ва «Дубликат». Кадом мақомот онро муайян намудааст»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (шумораи 67(3547) аз 24 майи соли 2016) ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Масъалае, ки мавриди таваҷҷуҳи рӯзноманигор қарор гирифтааст, воқеан, имрӯз дар бозори истеъмолӣ ба мушоҳида мерасад ва дар ин самт аз тарафи мутахассисони Агентӣ санҷишҳо амалӣ карда шудаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки баъзе аз анвои молу маҳсулот, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо аз сертификаткунии ҳатмӣ озоданд ва шояд аз ин лиҳоз воридоти чунин молҳои «оргинал» ва «дубликат» бемонеа сурат мегирад.
Ҳамчунин, таҳлилҳо исбот намуданд, ки маҳсулоти «дубликат» таври қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд ва дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарӣ (сертифакати мутобиқат) нестанд.
Бинобар ин, мунтазам ба истеъмолкунандагон тавсия дода мешавад, ки дар вақти харидории ҳама гуна молу маҳсулот аз фурӯшанда мавҷудияти ҳуҷҷатҳои мазкурро талаб намоянд.
Ҳамчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ гузаронидани санҷишҳо дар субъектҳои хоҷагидор дар як сол ду маротиба муқаррар шудааст ва бо истифода аз ин аз тарафи соҳибкорон ва фурӯшандагон қонунвайронкуниҳо ба амал меояд.
Новобаста аз санҷишу чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳии мутахассисон, дар бозори истеъмолӣ камбудию норасоиҳо вуҷуд доранд, ки ислоҳи он, пеш аз ҳама, ба масъулият ва поквиҷдонии соҳибкорон ва фурӯшандагон вобастагӣ дорад.
Дар ин давра баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 62 аризаи шикоятии шаҳрвандон, ки мазмуни аксарияти онҳо аз паст будани сифати молу маҳсулот ва фиреби харидорон иборат мебошад, ҳалли худро ёфтанд. Бо мақсади ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ дар 2301 ҳолат барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок ба маблағи умумии 661720 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.
Агентии «Тоҷикстандарт» барои ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаи «Садои мардум», дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасманди тавсеа бахшидани ин раванд аст.
Ибодулло Қурбониён, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон