Ашхосе, ки аз таркиши мина ва дигар лавозимоти ҷангӣ маъюб гардида ё осеби ҷисмонӣ дидаанд, ба муолиҷаи табибон ва кўмаки доимӣ эҳтиёҷ доранд. Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату ташкилотҳои ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба табобат ва ба кўмаки тиббӣ фаро гирифтани чунин шахсон кори зиёдеро амалӣ мегардонад.
Тавре корманди масъули Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Райҳон Мўъминова дар суҳбат ба мо гуфт, бештар аз 80 нафар духтурони нуҳ ноҳияи ҷумҳурӣ, ки осебдидагон аз таркиши мина ва дигар лавозимоти ҷангӣ асосан аз ҳамин минтақа мебошанд, аз курсҳои омўзишӣ гузаштанд. Дар рафти омўзиш ба онҳо усулҳои табобат, дастгирии иҷтимоию равонӣ таълим дода шуд. Омўзиши духтурон аз ҷониби Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ва Фонди Швейтсарӣ оид ба безараргардонии минаҳо (FSD) ва кўмаки молиявии Департаменти давлатии ИМА амалӣ гашт. Машғулиятҳо бо духтурон ва дигар мутахассисонро созмони ҷамъиятии «Маркази кўмаки равонӣ» доир намуд. Дар рафти омўзиш духтурон ва ҳамшираҳои шафқати шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва шикастабандӣ бо тарзу усулҳои муолиҷа ва осебдидагон, кўмаки чунин шахсони осебдида шинос гардиданд.
Созмони ҷамъиятии «Маркази кўмаки равонӣ» ва кафедраи психологияи ДМТ барои баргузории чунин машғулиятҳо воситаҳои таълимиро таҳия ва нашр намуд. Дар ин воситаҳои таълимӣ асосҳои расонидани кўмак ва дастгирии равонии шахсони аз таркиши мина ва дигар лавозимоти мина зарардида, меъёрҳои ҳуқуқӣ, истифодаи таҷрибаи босамари байналмилалӣ ва ғайра нишон дода шудааст.
Назарсанҷиҳо баъди баргузории курсҳои омўзишӣ маълум намуд, ки ба духтурон ва дигар кормандони соҳаи тиб чунин чорабиниҳо дар кори амалии онҳо кўмаки бештар мерасонад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»