Осебдидагони Рангкӯл соҳиби хона шуданд

№126 (3427) 21.09.2015

 

rankul

Бунёди хонаҳои нав барои зарардидагон аз офати табиӣ дар деҳаи Рангкӯли ноҳияи дурдасти Мурғоб пурра ба анҷом расид. Бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Ибр

оҳим, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшоҳ Фелалиев ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар деҳоти «Рангкӯл»-и ноҳияи Мурғоб калиди 12 хонаи нави истиқоматӣ ба сокинон супорида шуд.

 

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи фаромадани сел дар ин деҳа 12 хонаи истиқоматӣ пурра хароб ва 21 хона қисман зарар дида буданд, ки имрӯз азнавсозӣ гардида, мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд.

 

Масолеҳи сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва барои бунёди ҳар як хона ва ҷиҳозонидани он то 300 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардид.

 

Деҳоти «Рангкӯл» аз се деҳа-Рангкӯл-маркази ҷамоати деҳот, Чичикдеҳ ва Субашӣ  иборат буда, қариб 1600 нафар аҳолӣ дорад. Деҳаи Рангкӯл аз маркази ноҳия 65 км. дур воқеъ буда , дар масофаи тақрибан 2 км. бо давлати Хитой ҳамсарҳад мебошад.

 

Бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар ин деҳа дар давоми якуним моҳ  бо сифати баланд ба охир расонда шуд. Хонаҳои навбунёд мувофиқи талаботи сохтмонӣ бо сатҳи баланд ва бо тарҳи маҳаллӣ бунёд гардиданд.

 

Сокинони деҳа ба Ҳукумати мамлакат ва Сарвари он Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ин  минтақаи дурдаст  таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, изҳори миннатдорӣ  намуданд.

 

Раиси Ҷамоати деҳоти «Рангкӯл» Эркин Абдуқодиров гуфт, ки тибқи супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии вазорату идораҳо сокинони деҳа бо тамоми ҷиҳози хона таъмин карда шудаанд.

 

Ҳамчунин ҳамарӯза аз ҷониби сокинони кишвар ва Агентии захираҳои моддӣ-давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарардидагон маводи ниёзи аввал расонида мешавад.

 

Кумакҳо барои ин мардум имрӯзҳо низ аз тамоми манотиқи кишвар идома дорад. Зикр гардид, ки рӯзҳои наздик сокинони зарардидаи деҳаи Рангкӯл бо ангиштсанг ва ҳезум низ таъмин мегарданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ҷамъомади сокинон доир гардид, ки дар он собиқадорони меҳнат аз маркази ноҳия ва дигар деҳот ҳузур доштанд.

 

 

 Ш. Шоҳқосимов,

«Садои мардум»