Дар шаҳраки «30-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Файзобод, дар паҳлуи Беморхонаи бемориҳои сироятӣ ошхона ҷойгир аст, ки солҳои пеш дар он хӯрокҳои болаззат омода мекарданд. Ҳамчунин, мӯйсафедон ба он ҷо омада, чой нӯшида, рӯзномаю маҷалла мехонданд ва истироҳати бофароғат доштанд.
Тавре дар боло ишора кардем, дар паҳлуи ошхона Беморхонаи бемориҳои сироятӣ ҷойгир буда, беморон табобат мегиранд. Мутаассифона, пас аз дигар шудани иҷорагирандагони ошхона чанде аз беморон шикоят карданд, ки аз соати 6-и бегоҳ то соати 12-и шаб садои гӯшкаркунандаи мусиқии ошхона оромии атрофро халалдор мекунад.
Чанде пеш дар ин бора ба идораи санитарӣ-эпидемиологии ноҳия чун рӯзноманигор маълумот пешниҳод кардам. Кормандони муассисаи мазкур ҳолатро санҷида, иҷорагирро огоҳ карданд, ки шабона баланд кардани садои мусиқиро хотима диҳад ва оромии беморонро халалдор накунад. Аммо аз байн як моҳ гузашта бошад ҳам, то кунун камбудии ҷойдошта ислоҳ нашудааст.
Дар ошхона нӯшокиҳои спиртӣ низ мефурӯшанд, ки дар натиҷа ҷавонон аз онҳо истифода бурда, аз эҳтимол дур нест, ки даст ба ҷиноят зананд, зеро чунин ҳолат як маротиба рух дода буд. Чанд сол пеш дар як тарабхонаи шаҳрак ҷавонон аз нӯшокиҳои спиртӣ истифода бурда, шахсеро бо корд заданд. Баъд аз ин фаъолияти тарабхона манъ карда шуд.
Чаро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои ҳалли масъалаи мазкур чораҳои ҷиддитар намеандешад?
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод