Ба муносибати 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳошим АЗИМОВ: «Дар интихоби роҳбари давлат хато накардем»

№113 (4633) 08.09.2022

АзимовСоли 1990 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12) аз ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) аз 4 ҳавза вакил интихоб шуда буданд. Ҳошим Азимови 80 — сола аз ҳавзаи интихоботии Овчӣ, №129 ғолиб омада, депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Зимни суҳбат бо ӯ рӯзгори мардуми як гӯшаи кишварро, ки ҷомеа таҳаввулоти куллиро паси сар мекард, варақгардон намудем.

- Чӣ тавр шуд, ки ба чунин як рақиби пурқувват пирӯз шудед? — пурсидам аз ҳамсуҳбатам.

- Соли 1990-ум ҷомеаро мушкилоти иқтисодӣ фаро гирифта буд. Он давра ба халқ вакиле лозим буд, ки ба рӯзи сахташ мушкилкушо гардад.

Боиси тазаккур аст, ки Ҳошим Азимов ҷаласаҳои Шӯрои Олиро ба солхӯрдагиаш нигоҳ накарда, хуб дар ёд дорад. Хусусан, рӯзҳои майдоннишиниро.

- Рӯ ба рӯи бинои Шӯрои Олӣ эътирозгарони майдони «Шаҳидон» ҳар лаҳза талаботи нав ба нав пеш мегузоштанд, ки минбаъд идома додани ҷаласа имконнопазир гардид. Мутаассифона, талаботи майдоннишинҳо аз ҷониби баъзе вакилон дастгирӣ мешуд. Ин буд, ки баъзе масъалаҳоро то 3 — 4 маротиба ба овоз мемонданд. Баъзе вакилон талаботи майдони «Шаҳидон»-ро ҷонибдорӣ мекарданд…

Омӯзиши бойгонии ҷаласаҳои иҷлосия дар он солҳо дарак медиҳад, ки вакил аз ҳавзаи интихоботии Овчӣ, №129-и ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) Ҳошим Азимов дар ҷаласаҳо фаъолона иштирок мекарду марбут ба соҳа масъалаҳои муҳимро барои баррасии вакилон мегузошт. Масалан, маҳз бо дархости ӯ бо қарори Шӯрои Олии мамлакат чӯпонҳо аз хизмати ҳарбӣ озод карда шуданд.

- Имрӯз ҳам, он солҳо ҳам даҳмардаҳо намерасиданд, — ба хотир меорад ҳамсуҳбати мо. — Биноан, таклиф кардам, ки чӯпонҳои синну солашон ба даъвати ҳарбӣ мувофиқ муваққатан аз хизмат озод карда шаванд. Вале ин қарор соли 1995, бо сабаби он ки як зумра роҳбарони вақт писаронашонро ба чӯпонӣ номнавис карда, аз хизмати ҳарбӣ мегурезониданд, бекор шуд.

Баҳсу талош дар ҷаласаҳо бисёр мешуд. Масалан, вақте ки муовини прокурори генералӣ Тӯхта Почомуллоев оид ба бекор кардани ваколати вакилии вакили Маҷлиси Олӣ, раиси вақти шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов таклиф ба миён ­гузошт, боз баъзе вакилоне, ки мухолифинро дастгирӣ мекарданд, зид баромаданд. Ниҳоят, фишорҳо ба ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ ба он оварда расонид, ки минбаъд баргузории иҷлосия дар пойтахти Ватанамон ғайриимкон гардид.

Бино ба гуфти вакил Ҳошим Азимов, таклиф шуд, ки ҷаласаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар ягон минтақаи дигар, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, Самарқанд ё Тошканд, гузаронида шавад. Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Қасри фарҳанги Арбоб баргузор шуд:

- Амнияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ончунон сахт таъмин буд, ки то расидан ба маҷлисгоҳ ҳафт маротиба аз санҷиш гузаштем, — ба ёд овард он рӯзҳоро ҳамсуҳбатам. — На ҳама бовар доштанд, ки иҷлосия баргузор мешавад. Лекин аз қайд гузаш­тани вакилон 15 ноябр дарак дод, ки 197 депутат ба иҷлосия ҳозир шуданд. Ҳамагӣ аз 8 ҳавза вакилон бо сабабҳои гуногун иштирок накарданд.

Дар иҷлосия яке аз масъалаҳои муҳимтарин интихоби Сарвари нави кишвар буд. Қаҳрамони мо он лаҳзаҳоро ба хотир оварда мегӯяд:

- Рӯзи 19-уми ноябр буд. Иҷлосия масъалаи интихоби Раиси Шӯрои Олии мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дод. Бо пешниҳоди вакил аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ, №47 — и шаҳри Ҳисор Абдулвоҳид Мирзоев номзадии раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис карда шуд. Аз номи вакилони вилояти Ленинобод номзадии Эмомалӣ Раҳмонро вакил аз ҳавзаи интихоботии Инқилоб, № 81-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев ҷонибдорӣ кард. Дар натиҷаи овоздиҳии пӯшида маълум гардид, ки аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории ­Эмомалӣ Раҳмон овоз додаанд.

Сару садоҳо дар бобати интихоби Раиси нав ва рӯзҳои аввали фаъолияти давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ­бисёр буданд. Аммо вақт исбот кард, ки мо дар интихоби Роҳбари давлат хато накардем.

Ҳошим Азимов нақши маъракаи «оши оштӣ»-ро дар расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ басо муҳим арзёбӣ кард:

- Бо гузашти солҳо андеша мекунам, ки «оши оштӣ» дар расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ нақши басо муҳим бозид. Аз рӯи шунидам, онро ходими давлатию ҷамъиятӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Йӯлчӣ Бобоев маслиҳат додаанд, ки кори басо хуб шуд. Аъзои гурӯҳҳои силоҳбадаст «оши оштӣ» хӯрда, ҷомаву тоқӣ пӯшиданд. Маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори дастовардҳои бардавоми давраи соҳиб­истиқлолӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи онҳо қарзи виҷдон ва рисолати инсонии мост.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»