Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 11 тоннаву 100 килограмм пиллаи хушсифатро ба нуқтаи пиллақабулкунӣ супориданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 4 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як қуттии тухми кирмак 38 килограммро ташкил медиҳад.
То имрӯз парвариши кирмак дар деҳоти «Ҳиҷборак» 114 фоиз, «Аскалон» -114, «Оби меҳнат» -100 ва «Тагоба» 99 фоиз таъмин шудааст. Дар деҳоти «Қалъанак» низ ҷамъоварӣ ва супоридани пилла шурӯъ гардида, то имрӯз 60 фоизи уҳдадории ба зиммаашонбударо иҷро намудаанд. Дар дигар деҳоти ноҳия низ супоридани пилла идома дорад. Соли 2024 ба кирмакпарварони ноҳия 612 қуттӣ тухми кирмак тақсим гардида буд.
- Соли гузашта як кило пилларо ба маблағи 15 сомонӣ харидорӣ намуда будем. Имсол нархи онро ба 18 сомонӣ расондем. Пилла соҳаи сердаромад аст. Агар мо маҳсулотро то ҳадди ниҳоӣ коркард кунем, метавонем онро боз ҳам қиматтар харидорӣ намоем. Барои ҳавасманд гардондани кирмакпарварон ҶСК «Пиллаи Тоҷик» мақсад дорад, ки дар соли оянда нархи пилларо ба қадри имкон баланд бардошта, пиллакорони пешқадамро бо туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонад, — изҳор дошт намояндаи ширкат дар ноҳияи Рашт Сайато Халилов.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»