Айни замон бемории сироятии коронавирус тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистонро фаро гирифта, масъулияти кормандони соҳаи тандурустӣ бештар шудааст. Моҳиятан имсол барои кормандони соҳа соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ ба шумор меравад.
Дар чунин шароит табибони ҳозиқу масъулиятшинос кӯшиш менамоянд рисолати худро содиқона ба ҷо оранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ (18 августи соли 2020) таъкид карданд, ки: «Табибон на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад».
Қосимҷон Зайдуллоев аз зумраи табибоне мебошад, ки чунин хислатҳоро доро аст. Дар бораи вай аз бисёриҳо суханони нек шунидам, ба мисли «Духтури нағз аст», «Бо беморон муомилаи хуш дорад», «Табиб ва инсони хуб мебошад»…
Борҳо аз банда хоҳиш карданд, ки дар бораи табибони хуб, ки ба онҳо мардум ихлосу боварӣ доранд, нависам. Ин маро водор сохт, ки бо бархе аз онҳо шинос шавам.
Ба Беморхонаи минтақавии №2-и шаҳри Ваҳдат, ки Қосимҷон он ҷо фаъолият дорад, рафтам. Бо ворид шудан ба дармонгоҳ исботи гуфтаҳои мардумро мушоҳида кардам. Аз қабулгоҳ то ба ҳуҷраҳои беморон бисёр тозаю озода, дар деворҳо шоҳбайтҳои бузургонамон роҷеъ ба тандурустӣ, инсондӯстӣ, тавсияҳо барои пешгирии коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ, таъсири сухани хуш ва ғайра насб шудаанд.
Он ҷо бо чанде аз беморон ҳамсуҳбат шудам. Гулнасаб Раҳимова иброз дошт, ки: «Дар ин ҷо хуб нигоҳубин мекунанд. Духтурон ва ҳамшираҳои тиббӣ хеле меҳрубонанду корашонро самимона иҷро менамоянд. Аз ҷумла, Қосимҷон инсони неку табиби дардошно аст. Аввалин давое, ки зуд ба ҳар як бемор таъсири нек мерасонад, суҳбати самимонаи ин табиб аст. Худоро шукр, аҳволам хеле беҳтар…».
Қаҳрамони матлабро дар ҳуҷраи кориаш пайдо накардам. Гуфтанд, ки беморонро муоина мекунад. Чашмам ба яке аз ҳуҷраҳое, ки беморон ҷой гирифта буданд, афтид. Ҳама бо чеҳраҳои моил ба табассум бо духтуре, ки рӯ ба рӯи онҳо нишаста буд, суҳбат мекарданд. — Ана ҳамин аст, акаи Қосимҷон, — гуфт ҳамшираи тиббие, ки маро ҳамроҳӣ мекард.
Маро дида гӯё шиноси деринааш бошам, аҳволпурсӣ кард. Худро муаррифӣ кардам ва гуфтам, ки мехостам бо ӯ суҳбат кунам. Аммо ҳис кардам, ки вай ҳанӯз кори асосиашро анҷом надодааст, вале намехост маро низ мунтазир кунад. Чанд лаҳзаи суҳбат бо табиби ҳозиқу инсони нексиришт Қосимҷон Зайдуллоев ба ман низ таъсири нек расонид. Оре, рисолати табиб, пеш аз ҳама, он аст, ки сухани хуш, муомилаи нек дошта бошад. Чунин муносибат калидест, ки табиб метавонад аз тариқи он ба қалби ҳар як бемор роҳ ёбад.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст. Аз соли 2003 дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ба ҳайси духтури асабшинос ва аз соли 2011 дар вазифаи мудири шуъбаи бемориҳои асаби беморхонаи зикршуда фаъолият мекунад.
- Роҳбарияти мақомоти тандурустӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат маро борҳо қадршиносӣ карданд, вале аз муҳаббати мардум дида бароям мукофоти олитаре нест. Саъй мекунам ҳамеша ба ин боварӣ сазовор бошам, — мегӯяд Қосимҷон Зайдуллоев.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»