Таассурот

Осоиши рӯҳу ҷон дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм»

№ 18.08.2022

Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», воқеъ дар ноҳияи Варзоб, на танҳо дар кишвар, балки дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба монанди Ӯзбекис­тон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Беларус, Молдова ва дигар мамолики хориҷӣ низ машҳур аст.

Дар он ҷо бемориҳои камхунӣ, безурётӣ, меъдаю рӯда, гурда, системаи асаб табобат мешаванд. Тавре иттилоъ гирифтем, дар ҳафт моҳи соли равон 12 ҳазору 40 нафар ба ин ҷо ташриф оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 9313 кас зиёд мебошад. Аз ин шумора 202 шаҳрванди хориҷӣ аз нуҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Федератсияи Россия 68 нафар, Ӯзбекистон — 105, Қазоқистон 75 нафар мебошанд. Дар ин давра аз шаҳри Душанбе 7808 нафар, ноҳияҳои тобеи марказ — 1896, вилояти Хатлон — 1895, Суғд — 174 ва ВМКБ 65 нафар барои табобату истироҳат омаданд.

Дар осоишгоҳ истироҳаткунандагон на танҳо табобат мегиранд, балки дар толори варзишӣ ба шоҳмоту нард, волейбол, бас­кетбол, футбол машғул шуда, рӯзномаю маҷаллаҳоро мутолиа менамоянд. Чанд нафар аз истироҳаткунандагон оид ба хизматрасонии осоишгоҳ арзи сипос карданд. Духтурон Туғрал Зуҳуров, Изатулло Дустов, Саидҷамол Рафиев, ҳамшираҳои тиббӣ Таманно Буриева, Меҳринисо Ҳайдарова бақайдгирандагони меҳмонон Фирӯз Салимов, Сироҷиддин Камолов ва пешхизмат Парвина Бекова рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд  иҷро карда истодаанд. Роҳбарияти осоишгоҳ нақша доранд, ки то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои осоишгоҳро пурра навсозӣ намоянд.

 Тавре роҳбари осоишгоҳ Маҳмад Камолзода иброз намуд, ба осоишгоҳ 4 асп дастрас шуд, то истироҳаткунандагон дар гирду атрофи осоишгоҳ сайругашт карда, аз табиати зебо лаззат баранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки солимии ҷомеа аз ҳар фарди кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, саломатии мардуми кишварро бояд ҳифз намоем. Мутмаин гардидем, ки дар ин самт аҳли осоишгоҳи зикршуда фаъоланд.

Ҳокими Сафар,

 рӯзноманигор