Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Оё изофанависӣ корҷӯёнро соҳиби кор мекунад?»

№4 - 5 (3798 - 3799) 09.01.2018

коллаж3Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мақолаи Ёқуби Содиқ («Садои мардум» №145 (3782) аз 7 декабри соли 2017) «Оё изофанависӣ корҷӯёнро соҳиби кор мекунад?»- ро мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Дар он раванди бокортаъминкунии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зери танқид қарор гирифтааст.

Муаллиф иброз доштааст, ки шаҳрвандони корҷӯй ба сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру навоҳии минтақа боварӣ надоранд ва ин мақомот мушкили онҳоро ҳал карда наметавонад. Ин нуктаи назарро муаллиф бо суханони сокини шаҳри Кӯлоб А. Назриев асос намудааст, ки чор сол боз бекор буда, дар бозорҳо ба аробакашӣ машғул аст.

Дар робита ба ин, қайд менамоем, ки тибқи Низомнома Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, №391) на ниҳоди бо кор таъминкунандаи шаҳрвандон, балки мақоми мусоидаткунанда барои бо ҷойи кор таъмин шудани шаҳрвандони бекор аст, вале муаллиф аз ин маънӣ сарфи назар намудааст.

Нисбат ба шаҳрванд А. Назриев қайд менамоем, ки номбурда барои таъмин шудан бо ҷойи кор ягон маротиба ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат накардааст ва ба ҳайси бекор ба қайд гирифта нашудааст. Дар чунин ҳолат маълум аст, ки кормандони соҳаи шуғли аҳолӣ имконияти бо ҷойи кор таъмин намудани ин шаҳрванд­ро надоранд.

Аз ҷониби муаллиф дуруст қайд шудааст, ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб дар рӯйхати бо кор таъминшудагон ному насаби 11 нафарро қайд кардааст, ки онҳо на соли 2017, балки солҳои 2014 ва 2015 дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Ин ҳолат аз бемасъулиятии сармутахассиси шуъба рух додааст, аз ин рӯ, баёноту аризаи номбурда гирифта шуд ва нисбат ба ӯ чораҳои интизомӣ андешида мешавад.

Вобаста ба масъалаи бо кор таъминшудагон дар муассисаи таълимии шаҳри Кӯлоб қайд менамоем, ки Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон тибқи Созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 майи соли 2012, бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ пайваста ярмаркаҳои соҳавии ҷойҳои кории холиро бо вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор менамояд.

Раёсат дар ҳамкорӣ бо Раёсати мао­рифи шаҳри Кӯлоб дар асл тибқи тавсияномаҳои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб нафарони дар рӯйхат номбаршударо бо ҷойи кор таъмин намудааст, ки дар ин хусус мактуби расмии сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб А. Раҳмонов аз 11 декабри соли 2017, №1/447 замима мегардад. Аз ин хотир, аз ҷониби муаллиф, бе амиқ санҷидани воқеияти кор, хулоса карда шудааст, ки ин нафарон нодуруст ба рӯйхати бо кор таъминшудагон ворид гардидаанд.

Инчунин, муаллифи мақола оиди ба кор таъминшавии шаҳрвандон Замираи Ғайратшоҳ, Абдумаҷид Салимов, Дилшодҷони Аваз ва дигарон аз ноҳияи Восеъ қайд намудааст, ки онҳо дар рӯйхати кормандони Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили ноҳия умуман вуҷуд надоранд, вале аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар рӯйхати бо кор таъминшудагон тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дохил карда шудаанд.

Аммо, мувофиқи маълумоти расмии шуъбаи кадрҳои Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, ки 4 апрели соли 2017 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Восеъ пешниҳод шудааст, нафарони зикршуда дар муассисаи мазкур воқеан ҳам бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд (нусхаи маълумотнома ва фармонҳо замима мегардад). Яъне, дар ин ҳолат ҳам аз ҷониби муаллиф нодуруст хулоса бароварда шудааст.

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ ҳамкории хуб дорад ва дар ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ нозирони кадрҳои шуъбаи маорифи ноҳия мунтазам иштирок менамоянд.

Дар заминаи ин ҳамкорӣ соли ҷорӣ 100 нафар мутахассиси ҷавон бо ҷойи кор таъмин шудаанд (дар ин хусус маълумотномаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия М. Орипов таҳти №144, аз 12 декабри соли 2017 бо дарҷ намудани ному насаби бо кор таъминшудагон замима мегардад).

Вобаста ба маълумоти ба муаллиф додаи сармутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия Лақаев Бобохон Абдуллоевич дар бораи бе тавсияномаҳои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо кор таъмин шудани мутахассисони ҷавон, қайд менамоем, ки номбурда дар асл чунин маълумотро пешниҳод накардааст. Баръакс, Б. Лақаев гуфтааст, ки бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ ҳамкории доимӣ дорем ва дар ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ фаъолона иштирок мекунем (дастхати тасдиқи гуфтаҳои сармутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия Лақаев Бобохон Абдуллоевич замима мегардад).

Оид ба фаъолияти шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Муъминобод масъалаи бо кор таъминкунии шаҳрвандон тавассути ярмаркаҳо, ки аз ҷониби муаллифи мақола нисбат ба он эрод гирифта шудааст, таҳлили муфассал гузаронида шуд.

Маълум гардид, ки корҷӯён тавассути тавсияномаҳои шуъбаи мазкур дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар робита бо ҷойи кор таъмин шудани як нафар омӯзгор дар муассисаи таълимии №61, ки ин гуна муассисаи таълимӣ дар ноҳия вуҷуд надорад, қайд менамоем, ки ин нафар Меҳроҷи Абдумаҷид буда, дар асл дар муассисаи таълимии №11 ноҳия ба тариқи гузариш таҳти фармоиши №61 кор мекунад (маълумотномаи шуъбаи маориф замима мегардад).

Дар мавриди ба ҳайси ронанда бо ҷойи кор таъмин шудани шаҳрвандон дар шуъбаи маорифи ноҳия қайд менамоем, ки на як гурӯҳ, балки танҳо як нафар Одил Табаров бо мусоидати мақомоти шуғли аҳолии ноҳия ба ҳайси ронандаи автомашинаи хизматии мудири шуъбаи маориф бо фармони №23 аз 17 феврали соли 2017 ба кор қабул шудааст ва инро шуъбаи маорифи ноҳия тасдиқ намуд.

Доир ба собиқаи кории кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб зикр бояд кард, ки ин нафарон пас аз таҷдид шудани сохтори мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, №391 «Дар бораи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ», бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Муъминобод ба ин вазифаҳо таъин гардидаанд.

Дар фарҷом бо эҳтиром қайд менамоем, ки Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамчун мақомоти татбиқкунандаи сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ҳамеша ҷонибдори ҳамкориҳои судманд бо воситаҳои ахбори омма мебошад ва ҳамкориҳои хуб ҳам дорад.

Умед дорем, ки ҳамкориҳо минбаъд низ тақвият меёбанд.

 С. ПИРИЕВ,

сардори Раёсати

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб