Ба пешвози 20 - солагии СҲШ

Оё СҲШ метавонад дар ҳалли қазияи Афғонистон саҳмгузор бошад?

№67 (4329) 20.05.2021

org_fiou187Оё СҲШ метавонад дар ҳалли қазияи Афғонистон саҳмгузор бошад?Таъмини амният ва субот дар минтақаи СҲШ ба ҳолати вазъ дар Афғонистон зич алоқаманд аст. Бо дарназардошти ин ҷанба, тақвият ва густариш бахшидани талошҳои муштарак оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи ин кишвари ҷангзада дар доираи СҲШ тамоюли афзоишро касб намудааст.

Эътироф бояд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки мунтазам дар заминаи далелу арқоми асоснок аз манфиатҳои кишвари ҳамсоя ҳимоя намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти он ҷалб намуда истодаанд. Ин масъала аз ҷониби нухбагони кишвари ҳамҷавор низ эътироф шуда, онҳо муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро пуштибон ва дӯсти асили мардуми афғон меноманд.

Зимни суханрониашон дар яке аз чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхай Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «тақдири Афғонистонро, пеш аз ҳама, бояд худи мардуми он ҳал кунад. Дар ин замина, мо кӯшишҳои ҳукумати Афғонистонро барои роҳандозии раванди гуфтушунидҳои осоишта дастгирӣ мекунем».

Далелҳо гувоҳанд, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то соли 2010 бештар ба кишварҳои Ғарб майл дошт. Шурӯъ аз он сол, бинобар тағйирёбии вазъи геополитикии олам, Афғонистон ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, беш аз пеш тавсеа ва тақвият бахшид.

Созмони мазкур низ то он замон ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи нисбатан камтар дошт. Он вақт, ҳарчанд дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай Гурӯҳи тамос «Созмони ҳамкории Шанхай – Афғонистон» ташкил шуда бошад ҳам, бино ба гуфти коршиносон, фаъолияташ муассир набуд.

Маҳз ба шарофати масъалагузорӣ ва пешниҳоду ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи давлатҳои аъзои СҲШ ба қазияи Афғонистон афзун гардид.

Сарвари давлат ба он назаранд, ки «Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ба мо дӯст марҳилаи наву махсусан муҳими рушди хешро аз сар мегузаронад. Мо махсусан ба он ҳавасмандем, ки мардуми Афғонистон ба таври ниҳоӣ ба роҳи сулҳ, ризоияти миллӣ ва барқароршавӣ равона гарданд. Тоҷикистон минбаъд низ гузоштани ҳиссаи амалии хешро дар кори барқарорсозӣ ва рушди давлати ҳамсоя идома медиҳад».

Дар марҳилаи кунунӣ таҳдиди хатар ба Осиёи Марказӣ зиёд шудааст, ки ин, пеш аз ҳама, ба фаъолтар шудани ҷангиёни гурӯҳи «Толибон», ба Афғонистон ворид шудану мустақар гардидани аъзои ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ, вобаста аст.

Ин масъала зимни суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо матраҳ шуда, аз ҷумла, гуфта буданд, ки «имрӯз мушкилоти муҳими байналмилалӣ дар соҳаи амният вазъ дар Афғонистон ва Шарқи Наздик мебошад».

Айни замон, бо дарназардошти нооромтар шудани вазъият дар кишвари зикршуда зарурат пеш омадааст, ки чораандешӣ дар ин самт бештар гардад. Табиист, ки дар ин ҷода ҳамкориҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бояд ба марҳилаи сифатан нав ворид гардад.

Ба таъбири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «расонидани ёрии ҳамаҷонибаро ба талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар роҳи истиқрори сулҳ ва субот дар кишвар, инчунин ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии он ва ҷустуҷӯи роҳҳои оштии миллӣ муҳим меҳисобем».

Дар замони раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамон тавре ки Президенти мамлакат 13 январи соли равон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс тавзеҳ доданд, дар баробари масоили дигар, мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар Афғонис­тон меҳвар хоҳад буд.

 Зоҳир гардидани таваҷҷуҳи хоса ба фаъолияти Гурӯҳи тамос «Созмони ҳамкории Шанхай – Афғонистон» ва амалӣ намудани ибтикори зарурӣ баҳри татбиқи харитаи роҳ, ки аз афзалиятҳои кишвар дар замони раёсат ба ин ташкилоти бонуфуз эътироф шудаанд, моро ба ҳаллу фасли қазияи Афғонистон, ки Пешвои миллат онро «мушкилоти муҳими байналмилалӣ» номидаанд, умедвор месозад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»