Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва шинохти амиқтари шахсияту осори пурғановати ин шоири тавоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ҷумҳуриявии озмуни «Маснавихонӣ» баргузор гардид.
Дар озмун беш аз 150 нафар довталабон аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок намуда, аз рӯи як номина – «Қироат ва шарҳ додани ҳикояҳои манзум ва байтҳо аз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар чаҳор гурӯҳ, аз қабили хонандагони синфҳои 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Озмуни мазкур дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»