Озмуни «Маснавихонӣ» ҷамъбаст гардид

№ 03.10.2023

384777832_317778384234881_8290951362555107857_nБо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва шинохти амиқтари шахсияту осори пурғановати ин шоири тавоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ҷумҳуриявии озмуни «Маснавихонӣ» баргузор гардид.

Дар озмун беш аз 150 нафар довталабон аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок намуда, аз рӯи як номина – «Қироат ва шарҳ додани ҳикояҳои манзум ва байтҳо аз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар чаҳор гурӯҳ, аз қабили хонандагони синфҳои 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Озмуни мазкур дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»