Озмуни «Роҳи бехатар – 2016» ҷамъбаст гардид

№ 09.07.2016

_DSC0203Ҳар сол сеюми июл дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ таҷлил мегардад. Соли равон ба таъсиси мақомоти мазкур 80 сол  пур шуд. Дар рӯзи ҷашни касбии  кормандони соҳа Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар – 2016», ки аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, ки аз ҷониби  рӯзноманигорон ба озмун 67 мақола пешниҳод  шуд. Ҳайати  ҳакамон  дар номинатсияҳои гуногун 12 нафарро ғолиби озмун донистанд. Дар бахши «Беҳтарин инъикоси фаъолияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ва сохторҳои минтақавию ноҳиявии он» Сайфиддин Суннатӣ («Садои мардум») ва Абдумудассир Аҳмадзода («Тоҷикистон») ғолиб омаданд.

Умари Шерхон («Чархи гардун») ва Умаралӣ  Сафаралӣ («Ҷавонони Тоҷикистон») дар бахши  «Беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ- тарғиботӣ дар ВАО-и кишвар», инчунин Бузургмеҳри Баҳодур («Ҷумҳурият») Кароматуллоҳи Аҳмад («Нақлиёт»), Ашрафи Афзал («Хорпуштак») ва дигарон ғолиби озмун дониста шуданд.

Ғолибони озмун аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва сардори Раёсати БДА- и ВКД ҷумҳурӣ генерал- майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода бо диплому  ҷоизаҳо  мукофотонида шуданд.

 

С. Аминиён